Додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи яке аз шаш нафареро оғоз кард, ки ба қатли пурсарусадои Парвиз Давлатбеков муттаҳам мешавад, ки ӯро шаби ҷашни солинавӣ 31 декабри соли 2011 куштанд.
Бино ба гузориши торнамои тоҷикии Бӣ Бӣ Сӣ, дар курсии муттаҳамон Фирдавс Муродови 22-сола нишастааст, ки муфаттишон ӯро ба авбошӣ муттаҳам мекунанд.
Ба гуфтаи муфаттишон, Фирдавс Муродов шаби соли нав дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи гурӯҳе буд, ки Парвиз Давлатбековро, ки либоси Бобои Барфӣ ба бар дошт куштанд.
Мақомоти интизомӣ ӯро як сол боз ҷустӯҷу доштанд ва ба гуфтаи онҳо, баъди ин ҷиноят, Фирдавс Муродов, Тоҷикистонро тарк карда ва ба эътирофи худаш дар Русия будааст. Ба гуфтаи Бӣ Бӣ Сӣ, ӯ худаш довталабона ба мақомоти интизомӣ таслим шуда ва ҳам дар додгоҳ гуноҳашро эътироф кардааст.
Пеш аз ин муҳокима, дар додгоҳи шаҳри Душанбе панҷ нафар, аз ҷумла Фаррух Самиев, Шараф Давлатов, Ҳасан Абдурашидов ва Беҳрӯз Шарифовро бо иттиҳоми қатли пурсарусадои Парвиз Давлатбеков ҷазо доданд, ки ба гуфтаи додситонҳо ин ҷавони 24-соларо латукӯб карда ва ҳам чанд теғ задаанд. Аз ҷумла Беҳрӯз Шарифови ноболиғ, ки дар ин муноқиша Парвизро теғ задааст, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Ба гуфтаи хешовандонаш, Парвиз Давлатбеков, ки ба табрики хешовандонаш мерафт, дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе дар роҳ ба гурӯҳи бузурге аз ҷавонону ноболиғон рӯ ба рӯ шудааст ва дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар задааст.
Дар аввал гуфта мешуд, ки ин ҷавонон Парвиз Давлатбековро «кофир» хонда ва сипас ба ӯ ҳамла кардаанд, вале вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад кард. Аммо қатли ин ҷавон дар шаби Соли нав дар кишвар, дар бисёре аз расонаҳои ҷаҳонӣ инъикос ёфт, ки аз ҷумла ин ҳодисаро ба зуҳур кардани тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон иртибот доданд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, ки рӯзҳои наздик ҳукми Фирдавс Муродовро эълом хоҳад кард.
ҲУКМИ ҚОТИЛОНИ "БОБОИ БАРФӢ" (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад