Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баррасии парвандаи қатли "Бобои барфӣ"


Парвиз Давлатбеков
Парвиз Давлатбеков

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парвандаи омилони қатли Парвиз Давлатбековро шурӯъ кард.

Қаблан додситонии шаҳри Душанбе гуфта буд, тафтиши парвандаи ҷиноии куштори ин сокини 24- солаи пойтахти Тоҷикистонро, ки шаби соли нави 2012-ум дар бар либоси "Бобои барфӣ" дошт, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Фахриддин Додометов, қозии ин парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ чанд ҳафтаи пеш парвандаи мазкурро дарёфт карда буд ва имрӯз (17-уми апрел) ба баррасии он бипардозад.

Наздикони Парвиз Давлатбеков, мегӯянд, мақомоти тафтишот 8 нафар, ба шумули як кӯдаки ноболиғро дар ин куштор муттаҳам донистааст.

Сӯиқасд ба ҷони Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январи соли ҷорӣ рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав либоси "Бобои барфӣ" мепӯшад, вале дар даромадгоҳи бинои манзили бастагонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор мегирад. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Талошҳои табибон ҷиҳати наҷоти ӯ натиҷа намебахшад ва ӯ дар бемористон ҷон медиҳад. Ҳодисаи куштори "Бобои барфӣ" ба он хотир дар расонаҳои дунё бозтоби густарда пайдо кард, ки ҳамлаварон ба ҳангоми расонидани зарба ба Парвиз ӯро "кофир" хондаанд. Аммо мақомот он замон гуфта буданд, ки куштори мазкур ангезаи маишӣ дорад, на динӣ.

Ба гумони даст доштан дар ин куштор, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Шариф Давлатов ва ду нафар шарикони ӯ Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев боздошт шуда буданд. Чанд нафари дигар таҳти пайгарди қонун эълон шуданд ва дертар як гумонбари ҳодиса иқрор кард, ки ин ҷиноят аз ҷониби онҳо содир шудааст.
XS
SM
MD
LG