Бозбинии даъвои Тӯраҷонзода алайҳи Шӯрои уламо ва ТВ-и Суғд

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бозбинии даъвои рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси кишвар Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода алайҳи Шӯрои уламо ва телевизиони Суғдро оғоз кард.
Оқои Тӯраҷонзода барои дифоъ аз эътибору шахсияти худ Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода-раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло Азизов-имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов-имомхатиби масҷиди Конибодомро ба додгоҳ кашидааст.

Дар ин парвандаи шаҳрвандӣ, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода алайҳи ин се рӯҳонӣ, ҳамчунин хабарнигори СТВ ( телевизиони давлатии Суғд) Тоҳири Искандарӣ даъво пеш овардааст, ки ин афрод дар намоиши «Сӯҳбати озод», ки моҳи феврали соли гузашта дар мавзӯи Рӯзи Ошуро пахш шуда буд, нисбат ба ӯву хонадонаш тӯҳмат заданд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба "Озодӣ" гуфт, дар ин барнома ҷавобгарон Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳвандӣ хонда, рӯи номи онҳо муҳри “нодидагирии манфиатҳои миллӣ”- ву “ҳимоят аз манофеи бегона” задаанд. “Мо дар аризаи даъвоии худ дар додгоҳ аз СТВ - телевизиони давлатии Cуғд, раиси Шӯрои уламо ва имомхатибони Исфараю Конибодом ҷуброни пулӣ талаб накардем, балки хостем дар намоиши дигари “Суҳбати озод” аз Тураҷонзодаҳо узр пурсанд-” - афзуд вай.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ

Рӯзи душанбеи 18 - уми март хонум Воҳидова дар толори додгоҳи Хуҷанд бо дархости Матлуба Ҳабибуллоева, баррасикунандаи қазия, раиси додгоҳи Хуҷанд даъвоҳои ҷониби Тӯраҷонзодаҳоро ба ҳар кадоми ҷавобгарон баён дошт.

Аммо ҷавобгарон гуфтанд, ки аз пахши он намоиш ҳудуди 1 сол гузаштаву ҷузъиёти суханрониҳоро фаромӯш кардаанд. Онҳо аз додгоҳ хостанд барояшон вақт бидиҳад то бо он намоишу матни стенографии он пурра ошно бишаванд. Додгоҳ дархости ҷавобгаронро пазируфта, идомаи баррасиро ба замони номуайян мавқуф гузошт.

Тоҳири Искандарӣ, гардонандаи намоиши “Суҳбати озод” дар СТВ ва яке аз ҷавобгарҳо дар додгоҳ мегӯяд, амали худро нодуруст ва муҷиби узрхоҳӣ намедонад: “Ман дар посухи худ ба Тӯраҷонзодаҳо гуфта будам, ки дар ҳарфҳои худ туҳматро намебинам. Чунки бо тақозои касби худ он намоишро оғоз кардам ва гуфтам, ки назарҳои иштирокдорон дар бораи ба истилоҳ Рӯзи Ошӯро чӣ аст. Онҳое, ки фикру андешаҳояшонро баён карданд, агар хато бошад, бигузор, ҷавоб гӯянд. Ман ягон фикру андешаи шахсии худро баён накардам ва ба касе ғараз ҳам надорам.”

Ҷаноби Искандарӣ афзуд, он барнома, тавре, ки бархе даъво доранд, “фармоишӣ аз сӯи мақомот” ва “барои сиёҳ кардани хонадони Тӯраҷонзодаҳо” набуд. Даъвои Тураҷонзодаҳо алайҳи Шӯрои уламо ва телевизиони давлатии вилояти Суғд баҳори соли гузашта дар пайи пахши намоиши мазкур ба додгоҳ кашонда шуда буд.

Вакили мудофеъ Воҳидова он замон гуфта буд, онҳо мехостанд, қазияро аз роҳи мусолиҳа, узрхоҳӣ ва пахши раддия аз ҷониби рӯҳониёни иштирокдори барнома ва телевизиони Суғд поён бахшанд, аммо ин пешниҳоди онҳо аз ҷониби рӯҳониён ва масъулони телевизиони давлатии вилояти Суғд рад шудааст.

Зимнан, соли гузашта бандҳои “туҳмат” ва “таҳқир”, ки ҷазои ниҳоии ҳабсро низ пешбинӣ мекарданд, аз Кодекси ҷиноии Тоҷиикистон берун андохта шуда, сипас аз Кодекси мурофиавӣ низ ба Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон “кӯчонида” шуданд.

Додраси додгоҳи Хуҷанд моҳи августи соли гузашта навори мавриди шикояти Тӯраҷонзодаҳоро ба Кумитаи истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон супурда буд, то дақиқ кунанд, ки дар ин навор вожаҳои таҳқир вуҷуд дорад ё хайр. Аммо баъди гузашти беш аз ним сол хулосаи ташхис ба ин маънӣ расидааст, ки қазия мавриди тафтиши дигарбора қарор дода шавад.

Бархе коршиносони додгоҳӣ ин тасмими кумитаи истилоҳотро ба маънии гурези ин ниҳод аз баёни назари худ дар ин мавзӯи нозук ва ҳассоси мазҳабӣ меноманд. Хонум Воҳидова инро ишорае ба ҳақ будани ҷониби даъвогар медонад. Дар ҳар ҳол, хулосаи ташхиси навор ба қарори додгоҳ таъсири мустақим надорад.