Бино ба омори расмӣ, аз ҳар 8 оилаи ҷавони суғдӣ яке баъди чанд соли зиндагии якҷояи зану шавҳар аз ҳам мепошад, дар ҳоле, ки 5 сол пеш аз ҳудуди 13 оилаи Суғд, яке пароканда мешуд.
Шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, дар соли гузаштаи 2012 дар ин минтақа беш аз 26 ҳазор оилаи нав расман барпо шуда, беш аз 3 ҳазор оила вайрон шудааст.
Ба гуфтаи Фараҳманд Назриқулов, мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур, беш аз 1 ҳазор оила бо хоҳиши якҷояи зану шавҳар, ҳудуди 2 ҳазор оила бо қарори додгоҳ ва танҳо 9 оила бо хости зан ё шавҳар аз ҳам ҷудо шудааст. Вай афзуд, шумораи оилаҳои ҷудошуда дар соли гузашта назар ба соли 2011 ҳудуди 200 ҳолат зиёд аст. Ҳамин тавр, навхонадорони ҷавон дар Суғд сол то сол зиёдтар аз ҳам ҷудо мешаванд.
Насиба як ҷавонзан дар Хуҷанд аст, ки мегӯяд, оилааш дар ҳоли пош хӯрдан аст, вале коре аз дасташ барнамеояд. Вай дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, баъди 4 соли зиндагии якҷоя бо шавҳараш бо дахолати модари шавҳараш байни онҳо дилсардӣ афтод:
“Ману шавҳарам дар кӯдакистон бо ҳам будем, баъд ҳамсинф ва донишҷӯ шудем. Аммо дар факултаҳои дигар хондем. Мо ҳамдигарро дониставу омӯхта хонадор шудем ва дар хонаи модараш зиндагӣ мекардем. Аммо ситораи модари шавҳарам ба ман рост наомад ва сари ҳар кору қадамам эрод мегирифт ва ҷанг мекард. Оқибат назди шавҳарам шарт монд, ки “ё ман, ё занат”... Шавҳарам модарашро розӣ карда натавонист... Ман чизу чораамро гирифта, ба хонае, ки раҳматӣ модарам ба ман мерос гузошта буд, кӯчида омадам.”
Насиба хатмкардаи донишгоҳ бо ихтисоси “менеҷер” аст. Вай ҳоло дар як хонаи се ҳуҷрадор, ки аз модар мерос гирифтааст, бо ду тифлаш мунтазири тасмими неки хушдоман ва шавҳараш танҳо зиндагӣ дорад.
Маъмулан коршиносон ва таҳлилгарон дар умури оиладорӣ никоҳҳои барвақтӣ, ноомодагии ҷавонон ба хонадорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ, мисли бехонагиву бекориро сабабҳои аслии аз ҳам ҷудо шудани ҷавонони навхона дар солҳои аввали пас аз издивоҷ медонанд. Аммо мисоли Насиба бозгӯи он аст, ки надоштани ихтиёр ва фишори волидайн низ дар аксар маврид роҳи ҳаётии ҷавонони навхонаро аз ҳам ҷудо мекунад.
Моҳира Раҳимзода, коршиноси маҳаллӣ дар умури оила ба чунин ақида аст: “Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ҷавонони имрӯза дигар ва мустақилтар шудааст. Бисёр навхонадорон як каме озодӣ, ба истилоҳ истиқлоияти оилавӣ мехоҳанд. Мехоҳанд аз канори падару модар ҷудо дар хонаи худ зиндагӣ кунанд. Ҳарчанд ин ба маъние нест, ки онҳо аз эҳтироми падару модарони якдигар ва хидмати онҳо канораҷӯӣ кунанд. Аммо бисёр хушдоманҳо инро қабул надоранд. Дар фаҳмиши онҳо арӯс касест, ки бояд дар хидмати онҳо бошад ва дар хурдтарин корҳо ҳам аз хати кашидаи онҳо берун по нагузорад. Агар арӯс беиҷозат як қадам гузошт, масалан, ба дидорбинии падару модараш рафт, шӯр барпо ва арӯсро назди фарзанди худ сиёҳ мекунанд. Ба ин сабаб бисёр хонаводаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо мешаванд.”
Мусоҳибам афзуд, шояд ба ҳамин сабаб ҷавонзаноне, ки зери фишори волидайни шавҳар оилаашон аз ҳам пошидааст, дигар дар ҳаваси зуд барпо кардани оилаи нав намешаванд ва теъдоди чунин ҷавонзанон низ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Онҳо ҳама ишқу ҳаваси худро ба кору тарбияи фарзандони хурдсоли худ мебахшанд.