"Аввали ишқ -- осмони баланд, охири ишқ -- хоки домангир..."

Акс аз бойгонӣ

Мардуми тоҷик маъмулан фарзандонро бо тӯю сур ва дар ҳузури дӯстони наздик ба истилоҳ хонадор мекунанд.
Дар маросимҳои арӯсӣ суханҳо ва орзӯҳои нек дар ҳаққи онҳо ба забон меоранд. Вале на ҳар вақт чунин орзӯҳо дар ҳаққи навхонадорон ҷомаи амал мепӯшад. Баъзе навхонадорони ҷавон баъд аз издивоҷ аз ҳам ҷудо мешаванд ва умеди онҳо ба навмедӣ мубаддал мегардад. Сабабҳои он мухталиф аст.

Масалан, Алишер Ҳусейнов-як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, баъзе падару модарон фарзандонашонро дар синну соле хонадор мекунанд, ки ҳанӯз фарзандон ба зиндагии мустақилона омода нестанд ва ҳатто аз бозиҳои наврасиву ҷавонӣ сер нашудаанд. Баъд аз издивоҷ онҳо дар ин сину сол кӯдак ба дунё меоранд, вале масъулияти тарбияи навзодашонро бо ҳам баробар тақсим намекунанд.

Баъзе хонаводаҳои ҷавон таҷрибаи парвариши кӯдакро надоранд ва дар ҳолатҳои барои кӯдак ногувор волидайни ҷавон якдигарро ганаҳгор медонанд. Алишер дар бораи яке аз мавридҳое, ки падари ҷавон сабаби аз ҳам пошидани

Акс аз бойгонӣ

оила мешавад, чунин мегӯяд: “Вақте, ки кӯдакдор шуданд, майли падари ҷавон ҳанӯз ҳам ба бозӣ аст. Мехоҳад ҷавониро бо ҷӯраҳояш гузаронад. Масалан, вақте ки ба хона меояд, кӯдак гиря дорад. Ба вай намефорад. Рашк пайдо мекунад, ки занаш ба вай аҳамият намедиҳад. Ё вай бо ёру ҷӯраҳояш бевақт ба хона меояд, вале бар болои он кӯдак касал аст. Падари ҷавон, ки ба оиладорӣ тайёр нест, ин нозукиҳоро сарфаҳм намеравад. Фикр мекунад, ки хонумаш қасдан беэътиноӣ дорад. Ситеза мекунад ва ҳамин тавр дилсардӣ пайдо мешавад.”

Нафиса Юнусова-омӯзгори равоншинос дар шаҳри Душанбе низ ин ақидаҳоро ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, аксари ҷавонон баъд аз издивоҷ хоҳиши танҳо зиндагӣ карданро доранд. Мехоҳанд соҳиби хонаи худ ва ҷиҳози алоҳидаи худ бошанд. Вале то расидан ба чунин марҳила, онҳо соҳиби кӯдак мешаванд. Хонум Юнусова мегӯяд, дар ин ҳолат мушкил онҳо бештар мешавад: “Вақте, ки кӯдаки якум ба дунё меояд, мушкилӣ зиёд мешавад ва баъзе вақт якдигарфаҳмӣ аз байн меравад. Чун мард аз дарки ҳолатҳои саломатии зан дур аст, на ҳама вақт занро мефаҳмад.”

Бо пеш омадани мушкилӣ ишқу муҳаббате, ки қабл аз издивоҷ ва дар марҳилаи аввали хонадорӣ мавҷуд буд, тадриҷан ба рашку бетавофутӣ нисбат ба сарнавишти якдигар табдил меёбад. Саодат Амиршоева-ҳуқуқшиноси тоҷик ва намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон, ки ба таҳқиқи ин масъалаҳо

Саодат Амиршоева

машғул аст, мегӯяд, сабабҳои аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон хеле зиёданд, вале сабаби асосӣ омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақил аст. Модарон дар омода кардани духтарони худ ба зиндагиву рӯзгордорӣ ва маърифати оиладорӣ бояд саҳм бигиранд, то духтари онҳо дар хонаводаи ояндаи худ ба хушунат гирифтор нашавад ва ҳуқуқашро поймол накунанд.

Солҳои ахир фарҳанги хонадор кардани духтарон то андозае тағир ёфтааст. Баъзе хонаводаҳо талош мекунанд духтари худро зудтар ба шавҳар диҳанд, то духтари онҳо ба доми ҷавонони ба қавле “камтарбия ё худсар” надароянд. Амиршоева мегӯяд: “Мо тоҷикон як хислат дорем. Ҳамин, ки духтар пояш ба никоҳ расид, беобрӯ нашавад гуфта ё ба доми ягон ҷавони булҳавс надарояд гуфта, мехоҳем ба як бахту тахт аз хонаамон барорем. Баъзе хушдоманҳо фикр мекунанд, ки ба хонаи онҳо арӯс не, балки як хидматгор, як ғулом омадааст. Агар онҳо бо келини худ бо муҳаббат мисли писару духтари худ муносибат кунад, зиндагии онҳо хуб мешавад. Охир, арӯс дар ҷустуҷӯи бахт ба хонаи хушдоман меравад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зуд хонадор мешаванд ва зуд талоқ медиҳанд



Дар Тоҷикистон дар мактабҳо барномаҳои махсуси омода кардани ҷавонон ба зиндагии мустақилона ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ вуҷуд надорад. Ин ақидаҳо бештар боло мегирад, ки хонаводаҳои тоҷикон хонаводаҳои суннатӣ ҳастанд ва дар оила фарзандон ба зиндагии мустақил омода мешаванд. Албатта, аксари хонаводаҳо суннатҳои худро доранд ва мисли силсила ин суннатҳоро навхонадорон риоят мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар шароити душвори зист омода кардани ҷавонон ба зиндагии мустақил шояд роҳандозии барномаҳои вижаро мехоҳад.