«Ман зидди терроризм ҳастам, намехоҳам, ки аз писарони ман террористу одамкуш созанд. Илтиҷо мекунам, ба додам бирасед…» Ин суханони модарест, ки намехоҳад фарзандонаш террористу худкуш шаванд.
Ховархон Орзуева, як сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки дар бозгардонии фарзандон ва ҳамсараш, ки ғолибан дар Покистон ба сар мебаранд, мусоидат кунанд.
Ин зан, ки ба гуфтаи худаш, яккаву танҳо зиндагӣ мекунад, 6 соли охир аз дидори пайвандонаш маҳрум буда, намедонад, ки онҳо ба чӣ ҳоланду чӣ сарнавишт доранд. Хонаводаи хонум Ховархон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистону Покистон гуреза шуда, он ҷо солҳо дар ҳоли гуруснагӣ ва дарбадарӣ ба сар бурдаанд. Фарзандонаш таҳсилкардаи мактаб набуданд ва аз ночорӣ духтарашро дар Покистон ба шавҳар додааст, ки ҳоло аз вай соҳиби се набера аст. Худи Ховархон авоили солҳои 2000-ум ба Тоҷикистон баргашт, аммо ба ҳамсар ва ду писараш муяссар нашудааст, ки ба ватан бозпас оянд.
Вай афзуд: «Худам соҳиб надорам, касе нест, ки ғами маро хӯрад. Модари камбахтам, чун аз фарзандонам ҷудо ҳастам. Тавалло мекунам, ки писаронамро ба наздам баргардонед. Метарсам, ки онҳоро гирифта, террорист накунанд, онҳо бе падару модар мондаанд, сарашон зулм карда, ба роҳи хато набаранд. Аз давлат мехоҳам, ки барои пайдо карданашон ёрӣ расонад, то ки ба ватан, пеши модари худ баргарданд».
Ховархон чанд сол қабл ба Афғонистон барои ҷустани фарзандонаш рафта, дари чандин созмонҳои давлатӣ ва байналмилалиро барои кӯмак кӯфтааст, аммо аз шавҳару писаронаш дарак наёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мегӯяд, ки то ҳанӯз 19 ҷавон аз ин ноҳия бенишон буда, ғолибан, дар мадрасаҳои исломии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд.
Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён, гуфт, ҳукумати маҳаллӣ барои бозпас овардани ин ҷавонон талош ба харҷ дода, омода аст, ки кӯмаки молӣ ҳам расонад. Аммо Саъдулло Бекназаров ҳамзамон аз волидон ва мақомоти маҳаллӣ интиқод кард, ки дар амри бозгардонии ҷавонон аз мадрасаҳои ғайрирасмии хориҷӣ оҷизӣ мекашанд.
Вай афзуд: «Ин қадар ҷавонҳо дар Покистону дигар кишварҳо ба чӣ кор машғуланд? Оё хешу табори онҳо мутмаинанд, ки ин ҷавонҳо танҳо таҳсили илм мекунанду қурбони кадом гуруҳҳои иртиҷоӣ нашудаанд? Фикр намекунанд, ки оянда ин ҷавонҳо худкушу ифротӣ шуда, ба ҷомеа зиён расониданашон мумкин аст? Чаро пайвандон, раисони маҳаллаҳо, домуллоҳо бо ҷавонон кам кор мекунанд, чаро онҳоро барои баргаштан ба ҳаёти мулкӣ насиҳат намекунанд? Гуруҳҳое ҳастанд, ки ба пора шудани ҷомеаи мо, давлати мо манфиатдоранд ва талош мекунанд бо дасти ҷавонҳои худамон ба мақсадҳои нопокашон бирасанд. Барои ҳамин онҳоро ҷалб карда, террористу экстремист тайёр мекунанд».
Раиси ноҳияи Қубодиён бо ишора ба он ки тайи чанд соли охир беш аз бист сокини ин ноҳия бо ҷурми пайравӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боздошт ва муҷозот шудаанд, гуфт, аксари ҷавононе, ки аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои хориҷӣ роҳ ёфтаанд, шеваҳои гуногуни ифротгароию терроризмро аз худ мекунанд ва дар оянда ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод хоҳанд кард. Биноан, вай аз имомони масоҷиди Қубодиён даъват кард, ки ҷавононро ба сулҳу салоҳ ва таҳаммулпазирӣ ташвиқ кунанд.
Саидэҳсон Маҳмудов, сархатиби масҷиди марказии ба номи «Имоми Аъзам»-и ноҳияи Қубодиён, дар ин иртибот гуфт: «Мо дар ҳар намози ҷумъа бар зидди терроризму ифротгароӣ мавъиза мехонем. Ба ҷавонон, ба падарон мефаҳмонем, ки ислом мухолифи амалҳои иртиҷоист, зулму ситамро қабул надорад. Ҳама имомоми масҷидҳо дастур гирифтаанд, ки бештар дар мавриди сулҳу ваҳдат ва неъмати бузург будани истиқлоли кишвар бо намозгузорон суҳбат кунанд».
Ба иттилои мақомоти қудратӣ, феълан 28 сокини ноҳияи Қубодиён бо гумони пайравӣ ё узвият дар гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Узбакистон», мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд. Аммо маълум нест, ки дар миёни афроди ҷустуҷӯшаванда писарони Ховархон Орзуева низ ҳастанд ё хайр.