Таҳсил дар мактабҳои Туркманистон 12 сола шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар фармоне имзо гузоштааст, ки бар асоси он таҳсил дар мактабҳои ин кишвар аз даҳсола ба дувоздаҳсола табдил хоҳад ёфт. Бердимуҳаммадов мегӯяд, ин тағирот дар низоми таълимии мактабҳои кишвараш дар соли таҳсили 2013-2014 эътбор пайдо мекунад.

Раҳбари Туркманистон бар ин ақида аст, ки дар давоми 12 соли таҳсил дар мактаб “ҷаҳонбинии шогирдон васеъ мешавад”.

Бар асоси низоми нави таълимӣ кӯдакони туркман аз синни 6 солагӣ ба мактаб мераванд, 4 сол дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд ва 6 соли дигар дар синфҳои таҳсилоти умумӣ ва 2 соли дигар дар бахшҳое таҳсил мекунанд, ки барои ихтисоси худ интихоб кардаанд.

Дар давраи раёсати Сафармурод Ниёзов-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар таҳсили 9 сола дар мактабҳо ҷорӣ шуда буд.