Аз 2 марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ба таври расмӣ узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дониста мешавад. Акнун Тоҷикистон узви 159 ин созмон ба шумор меравад. Шариф Раҳимзода-вазири иқтисоди Тоҷикистон дар бораи бартарии вуруди ин кишвар ба созмони мазкур гуфт:
“Ворид шудани мо ба узвияти ин созмон пеш аз ҳама нишонаи истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди ин ки то то имрӯз бо кишварҳои гуногун тиҷорат доштем, лекин мо ба низоми ягонаи савдрои байналмиллалӣ ворид набудем”.
Барои даромадан ба узвияти ин созмон Тоҷикистон 12 сол пеш дархост дода буд ва тамоми ин муддат музокирот ва таҳияи қонунгузориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти байналмиллалӣ идома дошт.
Протоколи узвияти Тоҷикистон дар ин созмон 10-уми декабри соли гузашта дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири иҷроияи Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ ба имзо расида буд.
Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки фазои бози тиҷорат ба вуҷуд меорад ва ҳамгироиаш бо тиҷорати ҷаҳониро суръат мебахшад.
Дар ибтидои соли 2001 ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат санаде фиристод ва изҳор дошт, ки омода аст, ки ба ин созмон ворид шавад. Моҳи июли ҳамон сол Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир ба ин созмон пазируфта шуд. Ҳамон вақт як гурӯҳи корӣ созмон ёфт ва ба кор шуруъ кард.
Тақрибан 12 сол ин гурӯҳи корӣ бо кишварҳои узв музокира анҷом медод. Бо ин кишварҳо дар бораи узвияти кишвари мо протокол имзо шуд. Ин корро гурӯҳи корӣ 26 октябри соли гузашта ба итмом расонид ва дар охирин ҷаласае, ки 26 октябр дар Женева баргузор шуд, ҳамаи сандҳои Тоҷикистон қабул шуд ва бад-ин тариқ марҳилаи омодагӣ ба узвият тай шуд.
.