Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи марказиву ҷанубӣ Роберт Блейк ба кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфт, ҳарчанд Амрико “таҳдиди ногузири ҷангиёни исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ”-ро намебинад, Ҳаракати исломии Узбакистон роҳҳои тавсиаи ҳузураш дар минтақаро як бахши стротежии дарозмуддати густариши нуфузи худ медонад. Блейк гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чолишҳое рӯбарӯянд, ки метавонанд ба оташи тундгароӣ равған рехта, ба манфиатҳои Амрико дар минтақа таҳдид кунанд. Ӯ афзуд, Амрико бо давлатҳои ин қаламрав ҷиҳати кумак дар амри расидагии онҳо ба чолишҳои фаромарзие, чун терроризму густариши силоҳ ҳамкорӣ мекунад. Вале Блейк ҳамчунин гуфт, ки Вошингтон фишор ба раҳбарони минтақа дар мавриди зарурати роҳандозии ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқи башарро бас нахоҳад кард.