Чин дар Осиёи Марказӣ: Сар медиҳаму намедиҳам сар

Чин, ки алакай як нирӯи иқтисодии пешдаст дар Осиёи Марказист, метавонад ба зудӣ Русияву Амрикоро ақиб зада, пештозтарин қудрати хориҷӣ дар минтақа шавад.
Вале кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври афзоянда ба гирдоби мушкилоти дохилие ғарқ мешаванд, ки метавонад Пекинро ҳам аз пояш бикашад. Маркази байналмилалии буҳроншиносӣ дар гузориши ахираш таҳти унвони “Мушкили Осиёи Марказӣ барои Чин” ба дирӯзу имрӯз ва дурнамои равобити Чин бо ин минтақаи ҳамҷавораш пардохта, аз чолишҳое ҳам гуфтааст, ки Пекин метавонад дар ростои таъқиби манфиатҳояш дар ин паҳно дучор шавад.

Амният дар мадди аввал

Як чолиши умда, бино бар ин гузориш, осебпазирии Осиёи Марказӣ дар муқобили фаъолиятҳои хуб ташкилшудаи чирикист. Гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, ки дар канори Толибон меҷанганд, дар пайи хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 метавонанд рӯ ба ин сӯи Омӯ биоранд ва чолишҳое, ки Осиёи Марказиро дар пеш аст, аз ҳоло бисёриҳоро дар Пекин музтариб кардааст.

Дейдр Тинан – мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ мегӯяд: “Стротежии Чин зоҳиран истиқрори равобити наздик бо Осиёи Марказӣ ба манзури таҳкими субот ва рушди иқтисодист, ки ба бовари Пекин, дар баробари ин ҳамсояҳояш худи Чин ва бавижа вилояти Шинҷон- Уйғурашро аз ҳар навъ паёмади манфии хуруҷи НАТО аз Афғонистон эмин нигоҳ хоҳад дошт. Чин ҳамчунин умедвор аст, ки рушди иқтисодӣ норозигиҳои афзоянда аз вазъи сиёсии кунунӣ дар ҳар кадом аз ин кишварҳоро низ безарар хоҳад гардонд.”

Ҳадафи Чин, албатта, пеш аз ҳама эҷоди равобити зичи вилояти Шинҷон-Уйғур бо Осиёи Марказист. Ин вилоят бо Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон 2800 километр марзи муштарак дорад ва созмонҳои ҷудоихоҳаш, чун Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ, ҳамеша барои Пекин дарди сар эҷод мекунанд. Пекин табъан мехост бо таъмини рушди ҳам Шинҷон ва ҳам ҳамсояҳояш заминаи ҳимоят аз наҳзатҳои ҷудоиталаби қавми уйғурро аз пой бидарорад.

Вале ба ақидаи Дейдр Тинан, “мушкил инҷост, ки қисматҳои бузурге аз Осиёи Марказӣ дар як соли охир беамну бесуботтар ба назар меоянд.“ “Афғонистон як омили мураккаб аст, вале бисёре аз мушкилоти Осиёи Марказӣ меваи раҳбарии баданд,” афзудааст ин таҳлилгар.

Аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, Чин равобиташ бо кишварҳои Осиёи Марказиро пайваста тақвият медиҳад. Ва агар дар оғоз ин ҳамкориҳо танҳо дар ҷабҳаи иқтисодӣ маҳдуд мешуд, ҳоло Пекин ба масоили сиёсиву амниятӣ низ ҳарчӣ бештар рӯ меорад. Гурӯҳи буҳроншиносӣ дар гузоришаш меафзояд, бастаи мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ Осиёи Марказиро ба домани беназмиҳо тела дода, дар баробари гурӯҳҳои ифротии чӣ хориҷӣ ва чӣ бархоста аз дохили кишварҳояш осебпазир гардондааст. Аммо бесуботӣ ё низоъ дар як ё чанд кишвари Осиёи Марказӣ метавонад ба Чин, ки манофеъи иқтисодиашро ба амнияти пойдор дар минтақа бастагӣ медиҳад, низ таъсир расонад.

Сармоягузориҳои Чин нафақат аз ноҳияи буҳронҳои амниятӣ, балки аз нозу нузи ҳокимони худкомаи Осиёи Марказӣ ва хушунатҳои иҷтимоӣ низ эҳсоси хатар мекунанд – омадааст дар гузориши Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ.

Созмони Шанхай самараи чандоне надод


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиноияш Ҳу Ҷинтао

Чин ташаббусҳои мӯҳтотонаи сиёсиву амниятиаш дар минтақаро маъмулан тавассути Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки ба ҷуз аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ Русияро низ дар бар мегирад, пиёда мекунад, вале ба ақидаи муаллифони гузориш, ин созмон нишон дод, ки дар даврони ошӯбҳо самараи чандоне надорад. Гурӯҳи буҳроншиносӣ дар гузоришаш менависад, шарикони хориҷии минтақа, аз ҷумла Русияву Чин, бояд мувозеҳи аҳдофи ҳокимони Осиёи Марказӣ ҳам бошанд, ки мардуми худро бо таъқиби сиёсиву ҷудоиандозии қавмӣ ва маҳрумиятҳои иқтисодӣ ба дод овардаанд. Муаллифони гузориш мегӯянд, Пекину Маскав дар росто бояд ба якдигар бо чашми шубҳаи камтар нигоҳ кунанд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Стефанӣ Клейн- Олбрандт, мушовири Гурӯҳи буҳроншиносӣ дар умури Чин, “собиқаи тиҷорати Чин дар минтақа шакку шубҳаҳо дар бораи мақсадҳояшро ба як ҳадди бесобиқа доман задааст ва агар тавсиъҷӯиҳояш барои мардум фоидае наоварда, танҳо хонаводаҳои мушаххаси сиёсиро сарватманд кунад, низ саҳме дар бесуботии ин минтақа хоҳад шуд.”

Чин дар ҳоли ҳозир умдатарин шарики иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷамъи сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард доллар баровард шуда, феълан дар Тоҷикистон тақрибан 50 ширкати Чин фаъолият доранд. Иҷрои тарҳҳои муҳими иқтисодие, чун бунёди нақбҳои Шаҳристону Шаршар, бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Регар, эҳдоси хутути барқи Лолазор-Хатлон ва Шимол-Ҷануб низ бо кумаки молии Чин ва тавассути ширкатҳои он кишвар анҷом мешаванд. Наздики 1 миллиард доллар аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон низ қарзи Чин аст.