Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳо Тоҷикистонро ноумед карданд?


Таҳлилгарон мегӯянд, тарҳи бунёди роҳи оҳани Чин–Қирғизистон-Афғонистон–Эрон Тоҷикистонро водор мекунад, дар фикри иҷрои пружаҳои миллии худ бошад.

Ҳукумати Ӯзбакистон ахиран эълон кард, соли 2014 ба бунёди роҳи оҳани Ангрен-Поп тавассути туннели гарданаи Қамчиқ оғоз хоҳад кард. Тошканд ҳадаф дорад тавассути ин хати нави оҳан қисмати ғарбии қаламравашро мустақиман бо қисмати шарқии он пайваст карда, худро аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Хуҷанди Тоҷикистон раҳо кунад. Дар ҳоли ҳозир роҳи оҳани Тоҷикистон барои Ӯзбакистон муҳимтарин роҳ барои интиқоли маводи муҳим аз Тошканд ба Фарғона ва барои Тоҷикистон ягона роҳи оҳани иртиботӣ бо хориҷи кишвар мебошад.

Оё тасмими боз кардани роҳи мустақими оҳан аз сӯи Ӯзбакистон, дар ҳоли бастагии марзҳои байни ин кишварҳо барои Тоҷикистон чӣ оқибатҳое дар пай хоҳад дошт ?

Тасмими бунёди хати роҳи оҳани мустақим байни қисматҳои Тошканду водии Фарғонаи Ӯзбакистон дар ҳоле эълон шудааст, ки аз соли 2000-уми милодӣ марзҳои байни Точикистону Ӯзбакистон барои ҳаракати нақлиёти ин ду кишвар баста аст. Танҳо тавассути Роҳи оҳан қаторҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон аз қаламрави ҳамдигар ҳаракат мекунанд. Вале боз ҳам аз соли 2007 ба ин сӯ Ӯзбакистон аз роҳи оҳани Хуҷанд танҳо барои интиқоли муҳимтарин мавод, умдатан сӯзишворӣ ба 3 вилояти худ дар водии Фарғона, яъне Андиҷон, Намангон ва Фарғона истифода мекунад. Дигар молу коло ва ҳаракати нақлиёти сокинон аз роҳи автомобилгарди гарданаи Қамчиқ, аз баландии беш аз 2 киламетр сурат мегирад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Роҳи гарданаи Қамчиқ барои Ӯзбакистон тақрибан нақши роҳи ағбаи Анзобу Шаҳристон барои Тоҷикистонро дорад, ки ду қисмати аз ҳам ҷудои ин кишварро ба ҳам мепайвандад.


Эҳтимоли дар дарозмуддат боз шудани роҳи оҳан тавассути туннел аз гарданаи Қамчиқ имконеро ба Тошканд фароҳам меорад, ки худро аз вобастагии роҳи оҳани Тоҷикистон раҳо ва ҳамсоякишварашро дар инзивои коммуникатсионӣ қарор диҳад.


Баҳори соли гузашта Тошканд бо барчидани қитъае аз роҳи оҳани Амузанг-Тирмиз, як роҳи ҳаётии вилояти Хатлон ба намоиш гузошт, ки ба хотири фишор ба Тоҷикистон дар пайи мухолифаташ ба бунёди неругоҳи Роғун аз ин гуна иқдомҳое рӯ намегардонад.


Саидҷон Ғафуров, сардори идораи роҳи оҳани «Хуҷанд» мегӯяд, дар сурати бунёди роҳи оҳани Ангрен-Поп низ Роҳи оҳани Хуҷанд барои Тошканд муҳим боқӣ хоҳад монд. Вай мегӯяд, Тоҷикистон барои истифода аз ин роҳ ва транзити қаламрави Ӯзбакистон ба онҳо пул медиҳад.

“Яъне, аз ин роҳ бештар Ӯзбакистон манфиат мебинад. Аз тарафи дигар, вилояти Суғд аз давраҳои пеш барои вилояти Тошканд минтақаи бисёр муҳим ба ҳисоб меравад. Вилояти Суғд маркази Ӯзбакистонро бо бисёр молу маводи арзон таъмин мекард. Барои ҳамин қатъ кардани муносибат бо ин минтақа бар зарари ин кишвар низ ҳаст. Агар сиёсати давлати Ӯзбакистон хуб бошад, дарк мекунад, ки дар сурати эҳтимоли асосӣ шудани роҳи оҳан аз гарданаи Қамчиқ ҳам роҳи оҳани Хуҷанд барои онҳо ҳамчун роҳи алтернативӣ муҳим боқӣ мемонад”, гуфт Саидҷон Ғафуров.


Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ёфтани роҳи алтернативӣ ба хориҷи кишвар талош дорад ва дар ду-се соли охир наздик буд ба ин орзуяш даст ёбад. Дар сурати бунёд шудани Роҳи оҳани Чин–Қирғизистон-Афғонистон–Эрон аз қаламрави Тоҷикистон билохира чунин роҳ ба олами берун аз самти муқобили Ӯзбакистону Қазоқистон ба рӯи Душанбе боз мегашт. Аммо ахиран Чин барои ширкат дар татбиқи ин барнома изҳори омодагӣ кард, вале гуфт, ки ин роҳ аз қаламрави Ӯзбакистон мегузарад.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили муносибатҳои минтақавии водии Фарғона мегӯяд, дар чунин вазъ агар ҳадафи Тошканд аз бунёди роҳи оҳан аз гарданаи Қамчиқ дар бунбасти нақлиётӣ қарор додани Тоҷикистон бошад, бояд давлати Тоҷикистон низ ба умеди “лутф”-и Тошканд нашуда, аз ҳозир ба ин иқдом посухи муносиб ҷӯяд. “Албатта, сохтани роҳи оҳан барои пайвастани ду қисмати аз ҳам ҷудоафтодаи худ ҳаққи Ӯзбакистон аст, - мегӯяд ӯ. - Аммо Тоҷикистон низ соҳиби сарчашмаҳои об аст. Ман муқобили он ҳастам, ки Тоҷикистон аз манобеъи обӣ ҳамчун фишанг бар муқобили Ӯзбакистон истифода кунад, чун мухолифи қонунҳои байналхалқӣ аст. Вале Ӯзбакистон Роҳи оҳани нав созаду тавассути он хоҳад, ки Тоҷикистонро дар бунбасти коммуникатсионӣ гузорад ва ба зону нишонад, чаро на?”.


Баҳс боз ҳам сари бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ки барои Тоҷикистон имкони назорат аз истифодаи захоири обии ҳавзаи рӯди Омуро фароҳам меорад.


Мусоҳибам афзуд, бо ин вуҷуд дар сурати бунёди Роҳи оҳани мустақим байни Тошканду водии Фарғонаи танҳо зараре, ки Тоҷикистон мебинад, иқтисодӣ хоҳад буд. Вале ба диди вай, то бунёди ин роҳ, ки ба дарозмуддат тӯл хоҳад кашид, ҳукумати Тоҷикистон вақт дорад барномаҳои миллии аз бунбасти коммуникатсионӣ ва вобастагии иқтисодӣ раҳо шудани кишвар, ҳадди аққал таъминот бо барқ, газ ва нафти худиро ҷустуҷӯ ва амалӣ кунад.
XS
SM
MD
LG