Ду парвандаи ҷиноятӣ барои нодида гирифтани шикояти сокинон

Бинои маъмурии ҳукумати ноҳияи Шаҳритус.

Додситонии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон алайҳи ду шахси мансабдор, ки беш аз 50 муроҷиати хаттии шаҳрвандонро нодида гирифтаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ кушодааст.
Ба иттилои Муҳаммадризо Нидоев, ёвари додситони ноҳияи Шаҳритус, С. Ҳ. ва И. П., ки кормандони масъули ду ҷамоати ин ноҳия будаанд, дар бемасъулиятӣ нисбати муроҷиати сокинони маҳаллӣ муттаҳам дониста мешаванд.

Як омӯзгоре, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ба мақомоти маҳаллӣ борҳо ариза навишта, хостори ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ё ҳадди ақалл анҷом додани умури кишоварзӣ шудааст. Аммо раҳбарони ноҳия арзи ӯро бе баррасӣ гузошта, ба номааш посух надодаанд:

«Чунин тарзи муносибат ба муаллимон ба фаъолияти кори мо ҳам таъсири манфӣ мерасонад. Муаллим бо дасту дили гарм кор карда наметавонад дар синф. Доим дар фикри хона, проблемаҳои зиндагӣ ҳастем. Агар номаҳои мо, дархостамон дастгирӣ меёфт аз ҷониби мақомот, кору зиндагиамон беҳтар мешуд.»

Маҳмадризо Нидоев

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадризо Нидоев, намояндаи додситонии Шаҳритус, гуфт, «қонун шахсони мансабдорро вазифадор кардааст, ки арзу шикояти шаҳрвандонро дар муддати 15 шабонарӯз баррасӣ карда, ба онҳо ҷавоби хаттӣ гардонанд, аммо ин афроди муттаҳам талаботи қонунро дағалона вайрон карда, бидуни сабабҳои узрнок то 3-4 моҳ ин муроҷиатҳоро дар утоқи кориашон маҳфуз дошта, аслан ба баррасӣ нагирифтаанд.»

Афроди муттаҳам аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ мекунанд, аммо додситонӣ мегӯяд, дар сурати собит шудани гуноҳи онҳо дар додгоҳ, С. Ҳ. ва И. П.-ро дастикам пардохти ҷаримаи баробар ба 20 ҳазор сомонӣ ё то ду соли корҳои иҷбории ислоҳӣ ва маҳрумият аз ҳуқуқи кор дар мақомоти давлатӣ интизор хоҳад буд.

Муъмин, як сокини ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, соли гузашта низ дар ин ноҳия раиси яке аз ҷамоатҳоро маҳз бо ҷурми нодида гирифтани арзу матлаби шаҳрвандон ба муҷозот кашида буданд, аммо ҳамоно мақомоти масъули давлатӣ аз иртиботи мустақим бо сокинони маҳаллӣ парҳез мекунанд:

«Меравем, намемонанд, ки бо раис суҳбат кунем. «Вай дар ҷойи кор нест, вақти дигар биё ё аризаатро хаттӣ пешниҳод кун, ба раис мерасонем» мегӯянд. Ҳар хел баҳона пеш оварда, монеи сидори шаҳрвандон бо роҳбарон мешаванд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот ба ҳарфи мардум гӯш надоданд


Ин ҳам дар ҳолест, ки натанҳо дар ноҳияи Шаҳритус, балки дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шаҳрвандон аз ба таври мусбат ҳаллу фасл нашудани арзу додашон аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ шикоятҳо доранд.

Моҳсанам, модари се фарзанд, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар ошёнаи панҷуми бино зиндагӣ карда, ба сабаби камбизоатӣ, наметавонад боми хонаашро таъмир кунад. Махсусан дар фасли сармо боми хонааш мечакаду фарзандонаш бар асари сармо дучори бемориҳо шудаанд. Дар шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар посух ба дархости ин зан барои кӯмак гуфтаанд, ки ба истилоҳ, «худаш медонаду дави аспаш»:«5-6 соли охир бомамон мечакад. Ҳама обойро кандем, ҳар ҷо-ҳар ҷои хона тағора гузоштем, то ки об фарши хонаро расво накунад. Гаҳвораи кӯдак дар даруни об мондааст. Дар даруни хона бо пойафзол мегардем…»

Назирамоҳ Қосимова, раиси маҳаллаи зисти хонум Моҳсанам, дар ин иртибот мегӯяд: «Ба ҳукумат рафтем, арзамонро гуфтем. Онҳо шарҳ доданд, ки хонаҳо шахсӣ карда шудаанд ва дар сурати маблағи таъмирро ҷамъ овардан, ҳукумат устоҳои таъмиргарро ройгон дар ихтиёри мо мегузорад. Аммо худи истиқоматкунандагон «шароит надорем, апа» гуфта, қабул намекунанд.»

Бо таъкид ба афзоиши шикоёти мардум аз он ки муроҷиаташон аз сӯйи мақомоти давлатӣ ба баррасӣ гирифта намешавад, маҳофили сиёсӣ ва коршиносон аз раҳбарони ҳукумат даъват мекунанд, ки дар интихоб ва таъйини кадрҳои роҳбарикунанда масъулияти бештаре зоҳир намояд.

Саидраҳмон Назриев, рӯзноманигори тоҷик

Сайраҳмон Назриев, таҳлилгари маҳаллӣ, мегӯяд, нодида гирифтани беш аз 50 аризаю шикояти шаҳрвандон танҳо дар ду ҷамоати ноҳияи Шаҳритус гувоҳи он аст, ки раёсати ҳукуматҳо афроди носанҷидаро ба кор дар мақомоти давлатӣ мепазиранд.

С.Назриев афзуд: «Ҳукумат аслан бояд дар хизмати халқ бошад, мансабдорон бояд мушкилосонкуни мардум бошанд. Зеро тамоми мақомоти давлатӣ аз ҳисоби он андозҳое фаъолият доранд ва маош мегиранд, ки мардум ба давлат пардохт мекунанд. Гузашта аз ин, тибқи Сарқонун, Тоҷикистон давлати иҷтимоист ва мақомоти давлатӣ бояд дар ҳалли мускати мушкилоти шаҳрвандон мусоидат кунанд.»

Соли гузашта дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳам як раиси ҷамоатро барои он, ки ҷамъан 135 аризаи шаҳрвандонро нодида гирифта, дар ҳалли мушкилоти мардум ангушт ҳам набардоштааст, ба муҷозот кашида буданд.

Коршиносон мегӯяд, расидагӣ накардан ба муроҷиати шаҳрвандон ва аз ҷомеа фосила гирифтани мансабдорон, ки аксарашон ҳамчунин вакилони мардумӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ҳастанд, дар маҷмуъ, ба обрӯи мақомоти давлатӣ латма мезанад.