Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ рӯзи панҷшанбе дар гузориши нави худ хабар дод, ки Эрон ба насби сентрафугаҳои пешрафта дар корхонаи ҳастаии Натанз шурӯъ кардааст. Ин сентрафугаҳо ба Эрон имкон медиҳад, ки ғанисозии ураниумро суръат бубахшад. Теҳрон мегӯяд, ки ғанисозии ураниум ба хотири тавлиди нерӯи барқ роҳандозӣ шудааст.
Иттилои МАГАТЭ панҷ рӯз қабл аз даври навбатии музокирот миёни Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ ба изофаи Олмон, пахш шуд. Қарор аст, ки гуфтушунид рӯзи 26 феврал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шавад. Мансабдорони ғарбӣ мегӯянд, ки дар ин нишаст ба Эрон дар робита ба қатъи барномаи ҳастаияш пешниҳодҳои нав ироа мешаванд.
Ғарб ҳадс мезанад, ки ҳадафи аслии барномаи ҳастаии Эрон – дастёбӣ ба силоҳи атомист, аммо Теҳрон инро рад мекунанд.