Ними забонҳои имрӯзаи ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт?

Тарҳи Қонуни забони тоторӣ

Ҳар сол 21 феврал СММ рӯзи ҷаҳонии Забони модариро баргузор мекунад. Соли ҷорӣ дар робита бо ин рӯз дар кишварҳои мухталиф зери шиори “Забони модарӣ ва китобҳо” ҳамоишҳо созмон медиҳанд.
Бино ба маълумоте, ки ЮНЕСКО ё Бунёди ҷаҳонии омӯзишӣ ва илмиву фарҳангӣ ба нашр расондааст, тақрибани 50 дарсади забонҳои зиндаи ҷаҳон дар давоми зиндагии чанд насли оянда аз байн хоҳанд рафт. Ҳоло дар саросари ҷаҳон тақрибан ба 7 000 забон гуфтугӯ мекунанд.

Дар гузориши СММ омадааст, ки 96 дарсади ин забонҳо забонҳои хурд ҳастанд ва ба онҳо танҳо 4 дарсади аҳолии сайёра гуфтугӯ мекунанд. Нуктаи дигари ҷолиб дар ин гузориш он аст, ки аз ҳамин тақрибан 7000 забон дар ҳар 14 рӯз якеи онҳо мемирад ва дигар касе ба онҳо гуфтугӯ намекунад. Охирин шахсоне, ки ба ин забонҳо сӯҳбат мекунанд, солманд ҳастанд ва забон низ баробар бо онҳо мемирад. Насли баъдинаи онҳо тадриҷан ба забонҳои дигар мегузаранд, зеро ба забони модарии худи онҳо таълим барои фарзандон вуҷуд надорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҷлили рӯзи забони модарӣ дар ҷаҳон


Маъмулан соҳибони чунин забонҳои хурд ба забонҳои англисӣ, русӣ, чинӣ ё мандаринӣ, испанӣ ва забонҳои дигари бузург ва мустаъмали ҷаҳон сӯҳбат мекунанд ва аз забони модарии худ кам-кам дур мешаванд. Падару модари онҳо фарзандонашонро ташвиқ мекунанд, ки аз маҳдудаи кӯчаки забони худ берун раванд ва ба ҷаҳони муосир бипайванданд.

Грег Андерсен-забоншиноси амрикоӣ, ки дар таҳияи гузориши ЮНЕСКО роҷеъ ба забонҳо ширкат кардааст мегӯяд:

“Забонҳои чинӣ, русӣ ва англисӣ забонҳое ҳастанд, ки барои муошират дар ҳар ҷои имкондошта истифода мешаванд. Дар давоми 20 соли гузашта фановариҳо рушд кардааст ва дастхуши навовариҳои зиёд шудааст. Дар зиндагии рузмарраи мардум аксар вақт истифода аз ин таҷҳизот зарурат пайдо мекунад. Ин таҷҳизот ба забонҳои бузургу мустаъмал ба бозор меоянд, дар бахшҳои омӯзишу парвариш, илм, дар тиҷорат истифода мешаванд ва забонҳое ҳастанд, ки ҷаҳони муосирро муаррифӣ мекунанд”.

Забонҳое, ки бо онҳо таҳсил вуҷуд дорад ва дар таҷҳизоти рақамӣ ё диҷиталӣ истифода мешаванд, тақрибан сад забон ном бурда мешавад.


Вале ба забонҳои хурд на танҳо таҳсил, балки телевизиону радио ё рӯзномаҳо вуҷуд надорад. Касе наметавонад касеро дар ин маврид гунаҳгор кунад, балки шароиту замона онҳоро ба ҳамин маҷрои зиндагӣ меандозад.

Ахиран як сомонаи интернетӣ бо номи “Корвонистон” дар матлабе зери номи “3 забони дар ҳоли нобудӣ аз Осиёи Марказӣ ғайб мезананд” ба сарнавишти чанд забони нодири ин минтақа таваҷҷӯҳ карда буд. Бино ба навиштаи ин сомона, забонҳои дунганӣ, шуғнӣ ва муғулӣ, ки ба он танҳо дар ду рустои вилояти Ҳироти Афғонистон такаллум мекарданд, шояд аз байн бираванд. Сомонаи “Корвонистон” забони шуғнӣ бо 4 гӯиши шуғниву рӯшонӣ, бартангӣ, хуфӣ ё рошарвиашро дар радифи забонҳои рӯ ба нобудӣ ном бурдааст ва навиштааст, ки ин забон бо вуҷуди осори зиёди шеърӣ имрӯз расмулхат надорад ва танҳо дар гуфтугӯи соҳибонаш боқӣ мондааст.

Забони яғнобӣ, ки меросбари забони суғдист, дар солҳои Шӯравӣ ба маҳдудият дучор шуд ва онро низ хатари нобудӣ таҳдид мекард. Соҳибони ин забонро аз водии Яғноб ба даштҳои ноҳияи Зафаробод кӯч доданд ва онҳо аз маҳали амни забонии худ берун рафтанд. Вале баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ шумораи зиёди онҳо ба маҳалли зисти ниёгони худ баргаштаанд. Ҳоло ба ин забон барои кӯдакони синфҳои ибтидоӣ китобҳои таълимӣ ҳам навишта шудааст.

Дар солҳои Шӯравӣ забоншиносон забони Туваро ба гурӯҳи забонҳое дохил карда буданд, ки дар ҳоли мурдан аст. Дар он солҳо ҳатто дар гӯшаҳои дурафтодаи Шӯравӣ миллатҳои хурд саъй мекарданд ба забони русӣ сӯҳбат кунанд ва онро барои худ ифтихор медонистанд. Тува низ аз ҷумлаи ҳамин миллатҳо буд. Вале акнун забоншиносон забони туваро аз минтақаи хатар берун овардаанд ва мегӯянд, ҳоло ин миллати хурд ба забони худ бештар сӯҳбат мекунад. Тува артиши муҷаҳҳаз ва рӯзнома дорад, вале телевизион надорад.

Дар ҷадвали забонҳои бузург забони чиноӣ дар мақоми аввал қарор дорад ва ҳоло он забони модарии 1 миллиарду 151 миллион нафар ба шумор меравад. Забони англисӣ дар мақоми дуввум аст ва он забони модарии 1 миллиард нафар дониста мешавад. Сипас забонҳои испанӣ, ҳиндӣ ва русӣ омадаанд. Забони русиро дар Русия ва Осиёи Марказӣ 277 миллион нафар забони модарии худ медонанд.
Забони арабӣ дар зинаи 6 ҷой гирифтааст ва он забони 255 миллион нафар маҳсуб мешавад. Ба ин ҳисоб ононе, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ карда метавонанд, дохил нестанд.

Забони форсӣ дар ҷадвал дар зинаи 13 қарор дорад ва 110 миллион нафар дар Эрону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ онро забони модарии худ гуфтаанд. Забони тоҷикиро низ ба ҳамин гурӯҳ дохил кардаанд.

Забони туркӣ дар зинаи 22 аст ва соҳибони он 75 миллион нафарро ташкил додаанд.