Натиҷаи назархоҳиҳо роҷеъ ба интихоботи Арманистон

Шумориши баргаҳо дар як ҳавзаи интихоботӣ

дар Арманистон Серж Саркисён-раиси ҷумҳури кунунӣ дар интихобои раёсати ҷумҳурӣ зоҳиран пирӯз мешавад.

Назархоҳиҳое, ки баъд аз хатми райдиҳӣ рӯзи душанбе телевизиони Арманистон анҷом дод, Саркисён барои 5 соли дигари раёсат ё даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш бештар имкони пирӯзӣ дорад. Бар асоси ин назарохоҳиҳо ҳудуди 58 дарсади интиқобкунандагон ба вай рай додаанд.

Созмони байналмиллалии Gallup низ дар ин маврид назархоҳие анҷом додааст ва ба хулосае расидааст, ки Раффӣ Ҳованнисиён-вазири пешини корҳои хориҷаи Арманистон ва зодаи Амрико, ки рақиби аслии Саркисён дониста мешуд, 32 дарсалд рай хоҳад гирифт.

Ҳрант Багратиён-нахуствазири пешини ин кишвар ва Паруир Ҳайрикиён-норозии сиёсии даврони Шӯравӣ 3 дарсадӣ рай ба даст овардаанд.