Юлия Тимошенкоро барои беэҳтиромӣ ҷарима карданд

Як додгоҳи шаҳри Киев нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенкоро, ки дар маҳбас ба сар мебарад, барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ муҷозот кард. Додгоҳ ҳукм кард, ки ӯ барои ҳозир нашудан дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба куштори як вакили парлумони Украниа дар 16 соли пеш бояд 2 ҳазор доллар пардохт кунад.

Моҳи гузашта Додситони кулли Украина гуфт, ки Юлия Тимошенко яке аз гумонбарони қатли Евгений Шербан дар соли 1996 маҳсуб мешавад. Тимошенко, ки барои сӯиистиҳода аз мақом ба 7 соли маҳбас маҳкум шудааст, ин итиҳомро рад намудааст.

Рӯзи сешанбе як мурофиаи додгоҳии дигар оид ба сарпечии хонум Тимошенко аз пардохти андоз мавқуф гузошта шуд, зеро ӯ аз рафтан ба додгоҳ сарпечӣ намуд. Юлия Тимошенко мегӯяд, ки ҳама иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаи сиёсӣ доранд.