Намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тайи ду рӯз бо ҳузури мақомоти расмии Тоҷикистон, арзёбиҳои пешакӣ дар бораи нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ карданд.
Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар анҷоми арзёбиҳои зистмуҳитӣ ва фанниву иқтисодии ин арзёбиҳо, мусоидат мекунад, имрӯз бо нашри як баёния гуфт, ки рӯзи 11 феврал, натиҷаҳои пешакии арзёбиҳои фанниву иқтисодӣ ва таъсироти муҳитизистии тарҳи Роғун баррасӣ шуд, ки мутахассисони чанд ширкати байналмилалӣ анҷом медиҳанд.
Маҷрои об ба маҳалли нерӯгоҳ, натиҷаҳои ахири хатароти сейсмикӣ ва тарҳҳои алтернативии баландии садди Роғун мавриди баҳси ҷонибҳо дар ин нишаст дар шаҳри Алмаато будааст. Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, шарҳу назарҳое, ки дар ин нишаст гуфта шуданд, дар муколамаи минтақавӣ дар бораи тарҳи Роғун бисёр муҳим аст.
Нерӯгоҳи Роғун, ки дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш сохта мешавад, солҳои ахир ба як мавзӯъи доғ дар Осиёи Марказӣ табдил шудааст. Узбакистон мегӯяд, ки дар сурати бунёди садди бузург барои Роғун, маҷрои об ба он кишвар ва ҳам Қазоқистону Туркманистон кам шуда, сабаби фалокатҳои муҳитизистӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаоҳо бепоя аст ва обанбори Роғун ба тадриҷ ва солҳои тӯлонӣ пур мешавад ва таъсире ба маҷрои рӯдхонаҳои фаромарзӣ нахоҳад дошт.
Дар нишасти рӯзи 11 феврал ду коршиноси гурӯҳи мустақил, ки бо ҳидояти Бонки Ҷаҳонӣ ба идомаи пажӯҳишҳои тарҳи Роғун назорат мекунанд, ба намояндагони кишварҳои минтақа дар бораи хатароти эҳтимоли сейсмикӣ, хусусиятҳои ҷуғрофӣ, рахнаҳои тектоникӣ дар маҳалли нерӯгоҳ ва меъёрҳои тобоварии нерӯгоҳ ба заминларзаву сел посух додаанд. Онҳо гуфтаанд, ки иттилооти кофӣ дар бораи тарҳи Роғун ва таъсироти эҳтимолии он ба кишварҳои поёноб доранд.
Рӯзи 12 феврал намояндагони 55 созмони ғайриҳукуматӣ дар иртиботи видеоӣ бо Душанбе, Алмаато, Бишкек, Кобул ва Тошканд ба баҳс дар бораи Роғун идома дода ва умдатан дар бораи мудирияти захираҳои об дар минтақа сӯҳбат кардаанд ва ҳам дар бораи онки дар сурати бунёди нерӯгоҳ маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш то чӣ ҳад кам мешавад.
Дигар суолҳои намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар бораи то чӣ ҳад зилзилахез будани маҳалли нерӯгоҳи Роғун будааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар ин маҳал солҳои тӯлонӣ заминларзаи қавӣ рух надодааст ва агар рух диҳад ҳам садди Роғун ба заминларзаи 9 дараҷаӣ тоб хоҳад овард. Мақомот ҳамчунин нерӯгоҳи Норакро мисол меоранд, ки дар маҳалли шабеҳе сохта шудааст ва тайи 10 солаҳо шоҳиди чанд заминларза ҳам шуда ва беосеб кор мекунад.
Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар баёнияи ин бонк гуфтааст, ки тамоми маводе, ки дар нишаст баррасӣ шуд, ниҳоӣ нест ва таъкид кардааст, ки арзёбиҳои тарҳи нерӯгоҳи Роғун маънии иҷоза барои бунёди Роғунро надоранд ва танҳо барои тасмимгирӣ дар бораи сарнавишти ин тарҳ истифода мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳеҷ гуна қароре барои дастгирии молии нерӯгоҳ нагирифтааст. Қарор аст, арзёбиҳои фанниву иқтисодӣ ва таъсироти зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун то чанд моҳи дигар такмил шавад ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии кишварҳои минтақа охири тобистон, дигарбора ҷамъ омада ва тозатарин иттилоъ дар бораи онро баҳс мекунанд.
Тоҷикистон, ки ҳар сол дар фасли зимистон ба нерӯи барқ мӯҳтоҷ мешавад, чанд сол пеш ба идомаи бунёди нерӯгоҳи нимасохтаи Роғун шурӯъ кард ва ба мухолифати сахти Узбакистон рӯ ба рӯ шуд. Дар сурати такмили сохтмони нерӯгоҳ, ки бо иқтидори 3600 мегават ва тақрибан дар 20 сол бо иқтидори комил ба кор андохта мешавад, Тоҷикистон метавонад ҳам эҳтиёҷоти худ ба нерӯи барқро бароварда сохта ва нерӯи барқи изофиро ба хориҷ содир кунад. Аммо Узбакистон ва кишварҳои дигари поёноб ба мисли Қазоқистону Туркманистон бим доранд, садди Роғун маҷрои обро кам карда сабаби беоб мондани киштзорҳои васеъ дар он кишварҳо мешавад.