Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон нерӯгоҳи Роғунро "абзори тамаъҷӯӣ" хонд


Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди обанбори Роғун кишварҳои поёноб оби кофӣ барои обёриву хӯрдан нахоҳанд ёфт.
Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди обанбори Роғун кишварҳои поёноб оби кофӣ барои обёриву хӯрдан нахоҳанд ёфт.

Нашрияи давлати Узбакистон, иддаъо кардааст, ки ҳадафи аслии бунёди Роғун, «сохтани як абзори муассири фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ ба кишварҳои поёноб» дар Осиёи Марказӣ аст.

Дар мақолае бо номи «Дасткории об ва ё захираҳои об як аҳроми фишор»,(Гидроманипуляции, или водные ресурсы как рычаг давления) муовини сардабири рӯзномаи русизабони «Народное Слово», навиштааст, ки давлати Тоҷикистон Роғун ва обанбори азими «онро барои тамаъҷӯӣ ва пеш гузоштани шарту шароити дилхоҳ ба кишварҳои поёноб месозад. Ба гуфтаи Cалим Дониёров, нерӯи барқе, ки дар Роғун тавлид хоҳад шуд, ҳатто дар ояндаи дур ҳам аз сару гӯши Тоҷикистон зиёд аст ва аз ин рӯ метавон ба хулосае омад, ки нерӯгоҳи мазкур на ба хотири аз байн бурдани эҳтиёҷоти нерӯи барқ, балки барои аҳдофи дигар сохта мешавад.

Дар идомаи мақолаи «Народное Слово» нерӯгоҳи Роғунро ба ҳайси як иншооти стротегӣ барои Тоҷикистон, вале як «ҷомадони сиёҳ бо тугмае» номидаанд, ки метавонад, сабаби оқибатҳои ғайриқобили пешбинӣ ва сабаби муноқиша дар миёни мардумоне шавад, ки садсолаҳо дар Осиёи Марказӣ дар канори ҳам бо сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд. Ба гуфтаи муаллифи мақола, имрӯзҳо мудирияти оқилонаву одилонаи захираҳои об ва бахусус рӯдхонаҳои фаромарзӣ муҳимтар аз гузашта шудааст, зеро рушди ояндаву некӯаҳволии мардум ва бештар аз ҳама амнияти кишварҳо ба он вобаста аст. Вале мегӯяд, ин муовини сардабири "Народное Слово", минбари расмии ҳукумати Ӯзбакистон, раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои бунёди Роғун ва Қамбарота камар бастаанд, парвое надоранд, ки бо ин тарҳҳо ҷони даҳҳо миллион нафар ва некӯаҳволии тамоми минтақаро дар хатар мегузоранд.

Дар идомаи мақола, ки дар торнамои вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон ҳам ҳаст, омадааст, ки дар сурати бунёди Роғун маҷрои об ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ дар мавсими обёрӣ 22 дар сад кам хоҳад шуд, ки оқибатҳои бисёр бад дорад. Аз ҷумла обанбори азими Капар дар Ӯзбакистон, бо зарфияти тақрибан 8 миллиард метри мукааб об ва обанборҳои хурду бузург дар ин кишвар пур нахоҳанд шуд.


«Народное Слово» идома додааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон тайи чанд соли ахир бо шарти "энержӣ дар ивази об" талош доранд, созишномаҳои байни панҷ кишвари минтақа, Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар бораи истифодаи оби ҳавзаи рӯдхонаҳои Сир ва Аму бознигарӣ шавад. Ҳамингуна сохторҳое байнидавлатие ислоҳ шаванд, ки солҳои тулонист, мудирияту тақсими обро дар минтақа бар ӯҳда доранд. Ба гуфтаи муаллифи мақола, Тоҷикистону Қирғизистон бо талошҳо мехоҳанд, шарту шароити худ бо формулаи «об дар ивази энержиро» дикта кунанд.


Дар ин мақола иддаъоҳои пешинаи Ӯзбакистон дар бораи беоб мондани заминҳои зиёд ва сар задани фалокатҳои зистмуҳитӣ дар Осиёи Марказӣ такрор шудаанд. Бори аввал нест, ки мақомоти Ӯзбакистон ва бахусус рӯзномаҳои расмии ин кишвар, мегӯянд, ки нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота барои муҳити зист дар Осиёи Марказӣ хатарнок ва бахусус барои Баҳри Арал марговаранд. Аммо бори аввал аст, ки гуфта мешавад, Тоҷикистон мехоҳад, Роғунро ба ҳайси абзоре ба хотири фишор ба кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бисозад.

Тоҷикистон, ки дар саргаҳи рӯдхонаҳои азими Осиёи Марказӣ қарор дорад ва бештар аз 60 дар сади оби минтақа аз он ҷорӣ мешавад, ҳар зимистон мӯҳтоҷи нерӯи барқ мешавад ва то ҳадде, ки дар рустоҳои дурдаст моҳҳо мардум нерӯи барқро намебинанд. Аз ин рӯ чанд сол пеш, ҳукумати Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳи нимасохтаи барқи обии Роғун бо тавоноии 3600 мегават, ки мероси замони шӯравист, аз сар гирифт, вале ба мухолифати Ӯзбакистон рӯ ба рӯ шуд. Чун иқтисоди ин кишвар пойбанди кишоварзӣ ва бахусус пахтапарварӣ аст, давлати Ӯзбакистон бим дорад, ки оби кофӣ барои ин киштзорҳои васеъи худ нахоҳад дошт.


Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёди Роғун ин нигаронӣ асосе надорад, зеро обанбори Роғун батадриҷ ва тайи ду даҳсола пур карда мешавад. Муаллифи мақолаи «Народное Слово» гуфтааст, масъалаи истифодаи оқилонаву одилонаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ бояд бо риояти қонуну муқаррароти байналмилалӣ ва ба таври созанда ҳал шавад ва ибрози умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба ин муқаррарот эҳтиром мегузоранд.
XS
SM
MD
LG