Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба «Дастаи ҳаваскорони нобиноён» маблағи беш аз даҳ ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.
Ин даста барои аввалин бор дар як чорабинии ҳукумати Кӯлоб ҳунарнамоӣ кардааст ва шаҳрдори Кӯлоб бо нишони қадрдонӣ ба онҳо беш аз даҳ ҳазор сомонӣ маблағ додааст.
Раҷабалӣ Ҳасанов, сардори «Дастаи ҳаваскорони нобиноён» мегӯяд, акнун он нобиноёне, ки дар хиёбонҳо бо сарояндагӣ талбандагӣ мекарданд, дар ин даста гирд омадаанд ва дигар гадоӣ намекунанд.
Ба таъкиди сардори гурӯҳ, ин маблағро дар харидории таҷҳизоти нави мусиқӣ барои дастаи ҳаваскорон сарф хоҳад кард: «Моро ба маблағи 10 ҳазору 400 сомонӣ кӯмак карданд. Бо ин маблағ мо қисман таҷҳизот мехарем ва ҷои машқамонро азнавсозӣ мекунем. Умед дорем, ки бо ин даста мо дар дигар маъракаҳои шаҳру навоҳӣ даъват мешавем ва зиндагиамон хуб мешавад.»
АЗ ГАДОИИ КУНҶИ БОЗОР ТО ЯККАХОНӢ ДАР ДАСТА
Хосият Қурбонова, зане, ки пештар дар бозори марказии Кӯлоб дар чаҳор фасли сол сарояндагӣ карда, раҳгузарон ба ӯ инсофан маблағе медоданд, ҳоло узви ифтихорӣ ва яккахони ин даста аст. Вай мегӯяд: «Ҳазор бор шукри Худо, ки дастаи мо ба кор сар кард. Мо дар ҳамин ҷо дарди дили худро сабук мекунем ва ризқу рӯзиамонро ҳам меёбем. Дар давраи советӣ кор мекард, чанд сол буд, вуҷуд надорад, аммо шукри Худо ки ҳоло фаъолият дорад».
...БО ПРЕЗИДЕНТ ГАП ДОРЕМ
Аммо ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам нобиноён мушкилоти зиёди ҳалношуда доранд. Бунафша Маҳмадуллоева, узви дигари ин даста мегӯяд, онҳо дар ошёнаи чорум зиндагӣ мекунанд ва дар боронгариҳо боми хонаҳояшон мечакад: «Мо наметавонем боми хонаҳоямонро худ таъмир кунем, зеро дида наметавонем. Дар боронгариҳо ҳамаи хонаамон тар мешавад. Аз ҳукумат ҳоҳиш дорем, ки як кӯмак карда, ҳамин хонаҳоямонро таъмир кунанд.»
Зулфия Динорова, овозхони дигари нобино мегӯяд, теъдоди нобиноён дар Тоҷикистон хеле зиёд аст, аз ин рӯ, онҳо хоҳиш доранд, то дар қатори дигар маъюбон президент бо онҳо низ вохӯрӣ кунад: «Президент бо дигар маъюбон вохӯрӣ кардааст. Мо ҳам гапҳои зиёди ногуфта дорем ва агар як бор президент бо мо вохӯрӣ ташкил кунад, ин гапҳоямонро мегӯем. Бояд моро ҳам гӯш кунанд.»
«ДИЛ ЗИ ҶОН СЕР ШАВАД…»
Дар ҳамин ҳол, Санг Сафолов, раиси ҷамъиятӣ нобиноён мегӯяд, нобиноён ба худ ҳазор дарду ғам доранд ва танҳо макони дилхушии онҳо ин дастаи ҳаваскорон аст: «Ин ҷо ҳамаи нобиноён дилхушӣ мекунанд. Оянда на танҳо онҳо худро, балки дигаронро низ хурсанд хоҳанд кард. Мо ҳам як увзи ҷомеаем ва бо кори худ дар ҷомеа саҳмгузор бояд бошем. Ҳамин ҳунар ҳоло аз дасти мо меояд ва мо мехоҳем, ҳаминро иҷро кунем».
Дастаи ҳаваскорони нобиноён замони шӯравӣ хеле фаъол буд ва нобиноёни аъзои ин даста барои меҳнаткашон дар дашту саҳро сурудхонӣ мекарданд.
Онҳо тасмим доранд, дастаи худро ба мисли замони шӯравӣ номдору овозадор ва як манбаи даромаду зиндагӣ кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад