Духтарони Мӯсавиро раҳо кардаанд

Мирҳусейн Мӯсавӣ

Мақомоти Эрон ҳарду духтари раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мӯсавиро баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд. Қаблан сухангӯи Мӯсавӣ дар Порис Ардашер Амирарҷманд ба Озодӣ гуфт, мақомот Наргис ва Заҳро Мӯсавиро субҳи душанбе бо худ бурдаанд. Мақомот ба матбуоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки духтарони Мӯсавиро барои “бархе ташреҳот” бозҷӯӣ кардаанд. Наргису Заҳро бо талаби раҳоии Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнавард, ки аз феврали соли 2011 дар ҳабси хонагӣ қарор доранд, мубориза мебурданд.
Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ ду рақиби умдаи РҶ Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи соли 2009 буданд ва ҳарду иддао доштанд, ки пирӯзии Аҳмадинажод дар натиҷаи тақаллуб муяссар шудааст. Вақте онҳо дар авоили соли 2011 тарафдорони худро ба эътирозҳои назири Баҳори Араб даъват карданд, мақомот ҳардуро ба ҳабси хонагӣ андохтанд.