Аввалин мулоқоти раҳбарони Сербия ва Косово

Нишасти раҳбарони Сербия ва Косово бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо

Барои аввалин бор аз замони эълони истиқлоли Косово дар соли 2008-ум раҳбарони Косово ва Сербия мулоқот намуданд. Вохӯрии президенти Косово хонум Отифа Яҳёоғо бо раҳбари серб Томислав Николич шоми чоршанбе дар Брусел доир шуд. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Кэтрин Эштон ибтидо бо ҳар яке аз раҳбарон ҷудогона мулоқот намуда, сипас нишасти сетарафа барпо кард, ки дар он таҳкими равобити миёни ду кишвар баҳс шуд. Ба қавли хонум Эштон ҳар ду тараф иброз доштаанд, ки баҳри идомаи муколама талош хоҳанд варзид:
Феълан мо мушкили Косовои шимолиро арзёбӣ кардем, ки ҳафтаҳои оянда хеле муҳим хоҳад буд. Президентҳои Николич ва Яҳёоғо ба ман итминон доданд, ки бар пояи талошҳои аврупоияшон муколамаро идома медиҳанд.”
Дар ҳамин ҳол президент Николич ба Косово пешниҳод кард, ки даъвоҳои истиқлоли Косоворо канор гузорад.
Вале раҳбари Косово иброз дошт, ки Сербия бояд даъвоҳои султаҷӯёнаашро қатъ кунад, зеро ин даъвоҳо дар ниҳояти амр ба назму суботи тамоми минтақа зарба мезананд.
Истиқлоли Косово 90 кишвар ва аз ҷумла аксари аъзои Иттиҳодияи Аврупо эътироф мекунанд.