Freedom House тағйири бархӯрд бо Русияро хостааст

Созмони Freedom House аз маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама даъват кард, аз самтҳои калидии сиёсати “бознигарӣ”-аш дар қиболи Русия даст бикашад. Freedom House дар гузориши нави сиёсиаш гуфт, Вошингтон бояд то замони тағйири дидгоҳи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз музокироти ба истилоҳ “ғолибу ғолиб” канор бигирад. Сиёсати давраи аввали раёсати Обама дар қиболи Русия ҳамкорӣ дар соҳоти мавриди ҳусни тафоҳумро таъқиб мекард ва дар айни замон вуҷуди ихтилофи амиқи назар дар масоиле, чун меъёрҳои ҳуқуқи башарро низ эътироф мекард. Хонаи Озодӣ ба Обама тавсия дод, ки қабл аз сафар ба Русия ва мулоқот бо Путин дар пешорӯи нишасти моҳи сентябри сарони G20 ё рафтан ба ин саммит “ду бор” бияндешад.