Роҳ аз тариқи Сӯх рӯзона боз шудааст

Роҳ тавассути ҷазираҷаламрави Сӯхи Ӯзбакистон, ки сӯи деҳаҳои вилояти Бодканди Қирғизистон мебарад, барои ҳаракати нақлиёт ва равуои мардум дар давоми рӯз боз шудааст. Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҷониби Ӯзбакистон дар бораи кушодани ин роҳ аз соати 8-и субҳ то 8-и шом тасмим гирифт. Шабона ба хотири таъмини амният роҳ баста аст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 6 январ насби сутунҳои барқ дар посгоҳи Чорбоғ аз сӯи марзбонони қирғиз боиси моҷарои марзӣ шуд ва сокинони Сӯх дастикам 30 қирғизро гаравгон гирифтанд. Баъд аз ин Қирғизистон роҳ ба ҷазирақаламравҳои Сӯх ва Шоҳимардон ва Ӯзбакистон роҳ сӯи минтақаи Бараки Қирғизистонро бастанд.