Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, барои он дастрасӣ ба баъзе аз сафҳаҳои интернетиро моҳи январ қатъ кардааст, ки аз “пахши хабарҳои дуруғин ва тӯҳмат” ҷилавгирӣ кунад.
Рафиқҷон Шокиров-муовини раиси хадамот рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарие дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, бастани сомонаҳо бар асоси қонун сурат гирифтааст ва ҳадаф аз он манъи “пахши хабарҳоест, ки шаъну шарафи одамонро паст мезанад”.
Шокиров мушаххас нагуфт, ки кадом хабарҳо шаъну шарафи инсонҳоро паст задааст.
Моҳи ҷорӣ шабакаи иҷтимоии Facebook, сафҳаи русии радиои Озодӣ ва сафҳаҳои дигар чанд рӯз дар Тоҷикистон барои муштариён дастнорас буданд.