Шикояти сокинони «Ҷазираи бесвет»

Акс аз бойгонӣ.

Маҳаллае дар канори шаҳри Кӯлоб, ки беш аз сад хонавода дорад, се моҳ боз сокинонаш комилан аз нерӯи барқ маҳруманд.
Се зимистон боз сокинони ин маҳалла комилан аз барқ маҳруманд ва ин маҳаларо «ҷазираи бесвет» ҳам ном мебаранд.

Ин сокинон бо шикоят ба Радиои «Озодӣ» мегӯянд, се сол пеш бо қарори ҳукумати маҳаллӣ дар ин ҷо хона бунёд кардаанд, вале ҳанӯз дар маҳаллашон симчӯб барои интиқоли хати барқ насб нашудааст ва онҳо бо оби нӯшокӣ ҳам дастрасӣ надоранд. Онҳо мегӯянд, тобистон аз маҳалаҳои гирду атроф бо торҳои борик ба манзилҳояшон барқ меоранд, аммо дар зимистон бо сабаби мушкил дар зеристгоҳҳои маҳаллаи ҳамсоя, хатти барқи онҳо бурида мешавад.

Ҳалима Назарова, як зани сокини ин маҳалла мегӯяд, Идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб аз ҳар кадоми онҳо ба миқдори 400 сомонӣ барои кашидани хати барқ маблағ ҷамъоварӣ кардааст, вале бо гузашти ду сол, ҳанӯз ин мушкил ҳал нашудааст.

Ӯ гуфт: «Дар ин маҳалла ҳама қариб бешавҳар аст. Ё шавҳаронашон фавтидааст ва ё дар Русия ҳаст. Аз мо 400 сомонӣ ҷамъ карданд ва трансформатор хариданд, лекин ҳеҷ нест, ки симчӯб часпонида, барқ оранд. Ҳезум харида гарм мешавем. Ҳозир бин, ки алов кардам, аз дуди бисёр дар хона нишаста намешавад. Барқ нест, об нест, раҳ нест, дигар аз ин дида вазъияти бад мешавад.»

Садафмоҳ, зане, ки се фарзанди хурдсол дорад ва шавҳараш дар Русия мардикор аст, мегӯяд, аз сардии зиёд ҳар се фарзандаш бемор буда, маблағи фиристодаи шавҳараш аксаран сарфи табобат мешавад: «Хонаҳо нав аст, кӯдакон хунук мехӯранд ва тез-тез касал мешаванд. Шамъи бисёр мехарем ва то рӯз бо шамъ сару кор дорем.»

Рамазон Мирзоев, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, бо қувваи сокинон зеристгоҳи барқӣ ва симу дигар лавозимоти лозимро харидорӣ кардаанд, аммо масъулини Идораи шабакаҳои барқӣ фурсати барои насби симчубҳо ва пайваст кардани зеристгоҳ бо барқро надоранд. Ӯ мегӯяд, давоми се моҳ рӯзе нест, ки сокинони ин маҳалла пушти дари Идораи шабакаҳои барқиву ҳукумат набошанд, аммо ҳар бор масъулин ваъдаи фардои номаълум мекунанд.

Ситорамоҳ, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, то даҳ рӯзи дигар ваъдаи насби симчубҳо ва пайваст кардани хати барқ ба онҳоро додаанд. Ӯ мегӯяд, агар ин ваъда ҳам иҷро нашавад, онҳо бо эътироз пушти дари ҳукумат хоҳанд рафт.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Кишваров, сармуҳандиси Идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб гуфт, воқеан, зеристгоҳи барқиро худи сокинон харидорӣ кардаанд, зеро ин Идора имкони моли харидории чунин зеристгоҳро надорад. Аммо Кишваров мегӯяд, бо зиёд шудани садамаҳо дар зимистон, кашидани хати барқ ба ин маҳалла ба дарозо кашид, вале ба гуфтаи ӯ, то ҳафтаи дигар ин мушкили сокинон ҳали худро пайдо мекунанд.

Ин маҳаллаи навбунёд дар канори шаҳри Кӯлоб, ки расман Мирзолатиф Сафарзода ном дорад, се сол қабл бунёд шуда, дорои беш аз сад хонавода аст.

Дар маҷмӯъ дар шаҳри Кӯлоб реҷаи шадиди интиқоли нерӯи барқ ҷорист, ки сокинон дар шабонарӯз танҳо 8 соат ба барқ дастрасӣ доранд.