Мақомоти Тоҷикистон ба хотири музокираи мавзӯъи истирдоди яке аз фаъолони мухолифин дар Дубай қарор доштаанд. Николай Николаев – вакили мудофеъи Умаралӣ Қувватов ба Озодӣ гуфт, мақомоти тоҷик истирдоди ӯ бидуни муҳокимаи муқаддамотии парвандаро тақозо доранд. Қувватов, як соҳибкори дар гузашта ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле наздик аст, ки соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод. Ӯ дар Тоҷикистон ба сирқати 6 миллион сомонӣ айбдор мешавад. Қувватов рӯзи 23 декабр дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Қонунҳои Иморот истирдоди гумонбарон ба кишварҳоеро, ки хатари шиканҷа ё марги ӯ вуҷуд дорад, манъ мекунад ва аз ин рӯ, парвандаи Қувватов,ба ақидаи вакилаш Николаев, муҳокима хоҳад шуд.