Ҳимояти созмонҳои хабарнигорӣ аз Қаюмзод

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзодро тақозо кардаанд. Дар ин номаи муштарак 4 созмон – Иттиҳодияи хабарнигорон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои ВАО ва “Медиа-Алянс” аз оқои Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.
Вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид. Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 барои Озодӣ гузориш медиҳад. Ӯ соли гузашта ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистонро ба даст овард ва аз сӯи нашрияи “Фараж” “Журналисти сол” эълон шуд.