Оё тоҷикони шаҳрванди Русия дубора ба аскарӣ даъват мешаванд?

Баъзе аз ҷавонони қирғиз ба радиои "Озодӣ" шикоят бурдаанд, ки онҳоро дар Маскав боздошт кардаанд ва барои хидмати аскарӣ ба артиши Русия фиристодаанд.
Ин дар ҳолест, ки онҳо дар Қирғизистон хидмати ҳатмии аскариро гузаштаанд ва дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтаанд.

Оё дар миёни ҷавонони муҳоҷири тоҷик низ чунин намунаҳо вуҷуд дорад ва қонунҳои мавҷудаи ҳамкориҳои миёни ин кишварҳо чунин масъалаҳоро танзим кардааст?

Бектур Тулон уғлу, ҷавони 21-солаи қирғиз аз деҳаи Кӯршаби ноҳияи Узгени Қирғизистон дар Маскав зиндагӣ мекард. Вай мехост 29 декабри соли 2012 ба Қирғизистон ояд ва ҷашни Соли Нави милодиро як ҷо бо хонаводааш баргузор кунад. Вале Бектурро дар вокзали Казани Маскав боздошт карданд.

Вай саргузашташро ин гуна ҳикоят мекунад: “Ин таърихи ҷолиб дорад. Ман шиносномаи Русия дорам. Дар ҷое онро ба қайд намонда будам. Ҳамон рӯз мехостам бо поезд аз Маскав ба Оренбург ва аз он ҷо ба Қирғизистон равам. Вале маро дар вокзали Казан боздошт карданд. Шиносномаамро диданд ва ман бовар доштам, ки маро ба хидмат намегиранд, чунки шиносномаамро дар қайд намонда будам. Вале афсарони кумиссариати ҳарбӣ ба ман гуфтанд, ки ба хидмат меравӣ. Дар як рӯз ҳамаи ҳуҷҷатҳоро барои хидмат омода карданд ва маро ба аскарӣ гирифтанд”.

Александр Голтс, таҳлилгари рус.

Бектур баъд аз газаштани давраҳои омӯзиши ҳарбӣ дар яке аз шаҳракҳои назди Маскав ҳоло дар воҳиди пиёданизоми Русия дар Белорус хидмат мекунад.
Бектур танҳо нест ва мегӯяд, он қадр, ки вай медонад, 5 нафари дигар аз қирғизҳое, ки баъд аз хидмати аскарӣ дар Қирғизистон ба Русия омадаанд ва шаҳрвандӣ гирифтаанд, ҳоло дубора дар артиши Русия хидмат мекунанд.
Чаро кумиссариатҳои ҳарбии Русия ба ин кор даст мезананд?

Александр Голтс-таҳлилгари низомии Русия мегӯяд, Русия барои иҷрои нақшаҳои даъват ба аскарӣ ва пур кардани сафи артиши худ ба мушкил рӯ ба рӯст ва маҷбур мешавад, ки гоҳо пой аз чаҳорчӯбаи қонун берун гузорад: “Ман шак дорам, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ албатта онҳоро бояд ба хидмат даъват накунанд. Вале кормандони кумиссариатҳои ҳарбии Русия камбуди ҷавононро барои даъват ба аскарӣ ҳис мекунанд. Вақте, ки бояд касеро ба хидмат сафарбар намоӣ, вале касе нест, албатта дар шароите, ки демократия вуҷуд надорад, кумиссариатҳои ҳарбӣ гоҳо ба чунин нақзи қонун роҳ медиҳанд”.

Александ Голтс мисол меорад, ки ҳатто замоне кормандони кумиссариатҳои ҳарбии Маскав барои хидмат дар артиши Русия коргарони хориҷиро низ гирифта будаанд.

Оё ҷавонони тоҷик низ ба чунин ҳолатҳо дучор шудаанд? Мо чунин намунае дар мавриди ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия пайдо накардем, зеро Тоҷикистон ва Русия дар бораи танзими масъалаҳои шаҳрвандии дуҷониба ё душаҳрвандӣ моҳи сентябри соли 1995 аҳднома ба имзо расондаанд. Бар асоси он, агар шаҳрвандони онҳо дар кишвари худ хидмати ҳатмии аскариро адо карда бошанд, дар кишвари дуввум ба хидмати ҳатмӣ даъват намешаванд. Ин муқаррарот дар моддаи 3 ҳамин аҳднома нишон дода шудааст.

Давлат Назриев-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо назардошти аҳдномаи душаҳрвандии миёни Русияву Тоҷикистон чунин гуфт: “Агар шаҳрвандони мо шаҳрвандии Федеретсияи Русияро қабул кунанд, дар он ҷо аз хидмати ҳатмии аскарӣ озод мешаванд, ба шарти ин ки дар Тоҷикистон хидмат карда бошанд. Ва баръакс, агар шаҳрванди Русия шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул кунад ва дар Русия хидмати аскарӣ карда бошад, дар ин ҷо аз даъват ба хидмати аскарӣ озод карда мешавад”.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Ба ҷуз аз ин аҳднома қарордод ё созиши дигари хоси алоҳида миёни вазоратҳои дифои Русияву Тоҷикистон вуҷуд надорад. Фаридун Маҳмадалиев-сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, агар ҷавони тоҷик баъд аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ба Русия равад ва шаҳрвандии он ҷоро қабул кунад, дар сурати даъвати дубора ба хидмат дар Русия бояд билети ҳарбии худро ба кумиссариатҳои низомии он ҷо нишон диҳад. Вале агар ҷавони тоҷик шаҳрвандии Русияро қабул кунад ва дар артиш хидмат накарда бошад, дар он сурат кумиссариатҳои ҳарбии Русия аз кумиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон дар бораи ҳамон ҷавон маълумот дархост мекунанд:

“Масалан дар баъзе ҳолатҳо аз кумиссариатҳои ҳарбӣ ё мақомоти дахлдори ҳамон давлат ба кумиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи хидмат кардани шаҳрванд ё хидмат накардани вай дархост мефиристанд. Дар Тоҷикистон кумиссариатҳои ҳарбӣ ин масъаларо зуд муайян месозанд ва ба кишвари дархостдода маълумот пешниҳод мекунад”

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон то ҳол намунае вуҷуд надорад, ки дар масъалаи хидмати дубора дар артиши Русия тоҷикони шаҳрванди Русия ба мушкил гирифтор шуда бошанд.