СММ аз Эрон хост, 5 нафарро қатл накунад

Гурӯҳи мустақили коршиносони Созмони Милал аз ҳукумати Эрон хостаанд, ҳукми қатли панҷ фаъолони араб аз шаҳри Аҳвозро иҷро накунад. Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи инсони Созмони Милал баъди он ба ҳукумати Эрон муроҷиат карданд, ки Додгоҳи Олӣ ҳукми қатли ин панҷ нафарро бетағйир гузошт. Арабтаборони шаҳри Аҳвоз аз муассисони Ал-Ҳивор, як муассисаи фарҳангӣ ва пажӯҳишӣ будаанд. Ҳамаи 5 нафар ба “муҳориба алайҳи Худо” ва тарғиб алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломӣ гунаҳкор дониста шудаанд, ки барои ин дар Эрон ҳукми қатл медиҳанд. Ин афродро соли 2011 дар шаҳри Аҳвоз дастгир карданд. Авфи Байналмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар низ аз додгоҳи Эрон хостаанд, ки ҳукми ин панҷ нафарро лағв кунад.