Владимир Путин дастур додааст, ки созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия имзо шавад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС) дастур додааст, ки созишнома дар бораи шартҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро ба имзо расонад. Дар ин дастур омадааст, Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия бо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора музокира анҷом диҳад. "Агар тағйироте пеш ояд, он бояд бо иҷозаи ҳукумати Русия ба қарордод ворид шавад",-гуфта шудааст дар ин дастур.
Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҷонибҳо, яъне Хадамоти муҳоҷирати Русияву Тоҷикистон омодаанд, зери ин созишнома имзо гузоранд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, гуфт, қарор аст рӯзҳои наздик ҳайати Хадамот ба ин муносибат ба Маскав сафар кунад. Тибқи ин созишнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дода мешавад, ки дар қаламрави Русия бидуни қайди иқомат 15 рӯз бимонанд. Созишномаи мазкур барои бемуҳлат ба имзо расонда хоҳад шуд.
Дар охири моҳи декабри соли гузашта Хадамоти муҳоҷирати Русия эълом кард, ки дар қаламрави ин кишвар 1 миллиону 60 ҳазору 270 шаҳрванди Тоҷикистон иқомат доранд. Ба иттилои сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, Тоҷикистон аз рӯи шумораи шаҳрвандон дар ин кишвар, баъд аз Узбакистону Украина дар зинаи сеюм меистад.
Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва маблағҳои коркардаашон мӯътадилияти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро таъмин мекунанд. Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон, яке аз пешсафон дар дунё арзёбӣ кардааст. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 3 миллиард доллари амрикоӣ ирсол намудаанд, ки 47 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.