Дастури таҳқиқи марги Комрон Файсал

Ҷасади Файсал дар дасти пулис

Раҳбари Додгоҳи олии Покистон Ифтихор Чаудрӣ ба таҳқиқи марги мақоме амр кардааст, ки моҷарои фасоди марбут ба сарвазир Раҷо Парвиз Ашрафро таҳқиқ мекард. Чаудрӣ таҳқиқи марги Комрон Файсалро, ки ҷасадаш рӯзи ҷумъа аз як хобгоҳи давлатӣ ёфт шуд, ба ду қозӣ амр додааст. Таҳқиқи аввалия мегӯяд, ки Файсал худкушӣ кардааст, вале аҳли хонавода ва ҳамкорон инро радд ва ба таҳқиқоти тайинкардаи давлат мухолифат кардаанд. Файсал як мақоми хурд дар Дафтари миллии бозрасӣ буд, ки иттиҳомоти фасод дар робита ба барномаи фурӯши барқи як нирӯгоҳи хусусӣ дар соли 2009-ро таҳқиқ мекард.