Сокинони вилояти Суғд мегӯянд, даргирӣ дар минтақаи Сӯх робитаи онҳоро бо наздиконашон дар ин минтақаи баҳсбарангези марзӣ мушкил кардааст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, низои Сӯхи Узбакистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Суғд ҳеҷ таъсире номатлубе нагузоштааст, аммо сокинон аз ҳалношуда боқӣ мондани мушкилоти низоъбарангез дар мавзеъҳои баҳноки наздимарзӣ нигаронӣ мекунанд. Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара, дар суҳбати телефонӣ ба “Озодӣ” гуфт, сокинони Исфара бо сӯхиён робитаи хешутабориву тиҷоратӣ доранд ва дар инзиво мондани ин минтақа онҳоро нигарон кардааст : “Ин ҳолат шахсан худам ва биёр наздиконамро хавотир мекунад. Чунки дар Сӯх хешу таборони мо зиндагӣ мекунанд. Пеш ҳам омадурафти мо бисёр душвор буд, аммо акнун сахттар шуд. Мо назди онҳо рафта натавонем. Аз расонаҳо вазъашонро мефаҳмем. Водии Фарғона минтақаи ором нест ва мо рӯй додани низоъ дар Сӯхро тасодуфӣ намедонем ва ин моро нигарон мекунад.”
Низоъ байни шаҳрвандони қирғизу узбак дар атрофи Сӯх тақрибан ду ҳафта пеш, дар пайи мухолифати сокинони ин ҷазирақаламрав ба насби сутунҳои барқ дар як посгоҳи марзбонии Қирғизистон оғоз ёфта, тирандозиву гаравгонгириҳо дар пай дошт.
Қирғизистон ахиран дар атрофи Сӯх вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, роҳи байни Сӯху Риштонро баст, ки ин зиндагии сокинонро душвор кардааст. Ҷазирақаламрави Сӯхи Узбакистон, ки 90 дар сади аҳолиаш тоҷиконанд, дар байни хоки вилояти Бодканди Қирғизистон ва тахминан 50 километрии Исфара ҷойгир аст.
Дар 20 соли истиқлолият се давлати Осиёи Миёна дар водии Фарғона натавонистаанд хатти марзро мушаххас карда, шароити озоди равуою тиҷорат байни сокинони наздимарзиро фароҳам оранд. Баръакс марзҳо баставу сокинон сарсонанд ва муноқишаву низоъҳо байни сокинони наздимарзӣ ҳам аз ин сарчашма мегиранд.
Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, “халқҳои ҳамсояи тоҷику узбак ва қирғиз мехоҳанд як фазои озоди ҳамзистӣ дошта бошанд. Аммо давлатҳои минтақа ба истиқболи ин хоҳиш ва дархости сокинон намераванд. Мутаассифона, худхоҳиву ғурури сарони давлатҳо ба ин монеъ мешавад ва ба гузаргоҳҳои сарҳадӣ қулф задаанд. ”
Расулзода изҳороти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро мисол овард, ки ахиран гуфт, “Тоҷикистон барои бекор кардани низоми раводид бо Узбакистон омода аст ва дар ин бора ба ҳукумати он кишвар номаи расмӣ фиристодааст, аммо ин пешниҳод аз ҷониби сарони давлати Узбакистон бепосух гузошта шудааст.”
Рустам Юсуфов, коршиноси масоили наздисарҳадӣ аз Хуҷанд, зарур медонад, ки ҳукуматҳои минтақа дар водии Фарғона, гуруҳҳои махсусро ташкил кунанд, то аз сар задани муноқишаву низоъҳо саривақт пешгирӣ кунанд. Юсуфов афзуд, ки агар дар ибтидои солҳои 90 - и асри гузашта байни қаламравҳои Қирғизистону Узбакистон дар Водии Фарғона ҳудуди 20 гузаргоҳҳо барои равуои сокинон боз буданд, ҳоло шумораи онҳо то 4 адад кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол Шариф Назаров, сардори раёсати корҳои дохилии Суғд, ахиран зимни нишасти хабарӣ дар Хуҷанд, дар посух ба саволе, ки оё низои байни сокинони ҷазирақаламрави Сӯхи Узбакистон ва як деҳаи қирғизнишини канори он ба вазъ дар минтақаҳои наздимарзии вилояти Суғд таъсире гузоштааст, посухи рад дод: “Муноқиша дар Сӯх ба вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон таъсире нагузошт, чунки Сӯх аз сарҳади мо дуртар ҷойгир аст ва мо сарҳадамон бо Қирғизистонро набастаем, рафтуомади сокинон мисли пештара ба ду самт давом дорад. ”
Ҷаноби Назаров афзуд, вазъ дар хатти марзро мақомоти тоҷику қирғиз дар ҳамоҳангӣ таҳти назорат гирифтаанд ва фарзан, агар ҳодисае рух диҳад, саривақт ба он расидагӣ хоҳанд кард.