Қасди вазорати фарҳанг ба назорати сафарҳои ҳунарӣ

Мирзошоҳрух Асрорӣ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қасд дорад, сафарҳои ҳунарии овозхонҳои тоҷик ба хориҷ, бахусус ба Русияро таҳти назорати шадид бигирад. Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ дар нишасти хабарии вазораташ гуфт, тарҳи қарори ҳукумат дар ин масъала алакай омода шудааст. Ба гуфтаи Асрорӣ, ҳар овозхон ва продюсер, ки ба таҳияи сафарҳои хориҷии ҳунармандони тоҷик машғул аст, бояд худро дар вазорати фарҳанг сабти ном карда, барномаи сафар ва мӯҳтавои консертҳои хориҷиро бо ин вазорат аз қабл ҳамоҳанг кунад. Овозхонҳо мегӯянд, ин як талоши дигари эҷоди маҳдудият дар роҳи сафарҳои афзояндаи ҳунармандони тоҷик ба хориҷ аст.