Оё ИМА дар Осиёи Марказӣ пойгоҳ хоҳад сохт?

Роберт Блейк

Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Бишкек ҳангоми сӯҳбат бо рӯзноманигорон ёвари котиби давлатии ИМА Роберт Блейк иброз дошт, ки ташкили пойгоҳҳои нави ИМА дар минтақа ба шумораи сарбозоне вобаста хоҳад буд, ки баъди соли 2014-ум дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Блейк гуфтааст, феълан ИМА ва Афғонистон шумораи низомиёнеро баҳс доранд, ки баъди хуруҷи сарбозони байналмилалӣ дар соли 2014-ум дар қаламрави Афғонистон мустақар хоҳанд монд ва бар пояи он ИМА ба таври мушаххас метавонад гӯяд, ки барои ин кишвар кадом пойгоҳу муассисаҳо дар дохили Афғонистон ва берун аз он лозим мешаванд.”
Блейк гуфтааст, ки ҳоло сарнавишти маркази транзити молу коло “Манас”, воқеъ дар канори шаҳри Бишкек, мавриди баҳс аст. Ёвари котиби давлатии ИМА рӯзи 16-уми январ ба Қирғизистон сафар карда буд. Яке аз ҳадафҳои зиёрати ӯ аз Бишкек арзёбии сарнавишти “Манас” буд, зеро қарордоди иҷораи он аз тарафи ИМА дар соли 2014-ум хотима меёбад. ИМА тасмим дорад, ки то охири соли 2014-ум то 70 ҳазор афсару сарбозашро аз Афғонистон берун барорад.