Пешниҳоди Обама дар бораи манъи истифодаи аслиҳа

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико нақшаҳои худро барои мубориза бо суистифода аз аслиҳа эълон кард. Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш дар мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дар Коннектикут дар тирандозие 20 кӯдак ва 6 калонсол кушта шуданд.

Обама зимни суханони худ рӯзи чаҳоршанбе дар Вашингтон гуфт, нақшаҳои вай як силсила корҳои амалӣ ва пешниҳодҳои қонуниро дар бар мегирад.

Дар миёни ин пешниҳодҳо, аз ҷумла аз Конгресс хоста хоҳад шуд, ки истифодаи аслиҳа ба тарзи низомӣ ва ҳамла бо силоҳро мамнӯъ кунанд. Фурӯши аслиҳа низ бояд зери назорат гирифта шавад.