Дар ҳамлаҳои Ироқ дар як рӯз 33 нафар кушта шуданд

Мақомоти Ироқ мегӯянд, дар як силсила ҳамлаҳо дар шимоли ин кишвар ва дар Бағдод тақрибан 33 нафар кушта шудаанд. Дар шаҳри Киркук, ки аслан курдҳо ба сар мебаранд, рӯзи чаҳоршанбе дар ду инфиҷори мошини бамгузоришуда 19 нафар ҷон бохта, 190 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бами аввалро маргталабе дар назди дафтари минтақавии Ҳизби Демократии Курдистон дар Киркук тарконд. Раҳбарии ин ҳизбро Масъуд Боризонӣ бар ӯҳда дорад.

Бами дуввум ҳам дар ҳамон минтақа таркид ва ду нафар кушта бар ҷой гузошт. Дар инфиҷори мошини бамгузоришуда дар 75 километрии шаҳри Киркук дар шаҳраки Туз Хурмату 5 нафар кушта, 40 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаҳои мухталиф дар Бағдод 7 нафар ба ҳалокат расиданд.