Тоҷикистон харидории барқи нерӯгоҳи Сангтӯда 1-ро кам кардааст ва Русия аз он як ҷо бо қарзҳо 64,5 миллион доллар зарар дидааст.
Намояндагии нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 дар Душанбе мегӯяд, Тоҷикистон дар давоми соли 2012 харидории барқи ин ниругоҳро 30 дарсад кам кардааст.
Виктория Наумова-сухангӯи ин намояндагӣ ба радиои Озодӣ гуфт: “Тибқи қарордоди хариду фурӯши мавҷуда миёни ширкати “Барқи тоҷик” ва Сангтӯда-1, ҷониби Тоҷикистон бояд дар давоми сол 2 миллиарду 700 миллион киловат/соат аз Сангтӯда барқ харидорӣ мекард, вале барқи гирифтаи онҳо дар маҷмӯъ 1 миллиарду 870 миллион миллион киловат/соатро ташкил додааст. Дар натиҷа дар давоми сол Сангтӯда-1 30 дарсад камтар барқ тавлид кардааст”.
Хонум Наумова мегӯяд, ба сабаби он ки “Барқи тоҷик” уҳдадориҳои худро иҷро намекунад, Сангтӯда-1 зарари зиёди молӣ дидааст ва ин зарар як ҷо бо қарзҳои Тоҷикистон ба Сангтӯда-1, маблағи 64,5 миллион долларро ташкил додааст.
Ҷониби Тоҷикистон ба намояндагии Сангтӯда дар Душанбе гуфтааст, ки сабаби камтар шудани харидории барқи Сангтӯда-1 хориҷ шудани Узбакистон аз шабакаи умумии барқрасонии Осиёи Марказӣ аст. Гузашта аз ин ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки коҳиши мизони хариди барқ аз Сантӯда-1 омили муваққатист ва дар оянда ҷониби Тоҷикистон харидории барқи ин нерӯгоҳро ба маротиб боло хоҳад бурд. Вале хонум Наумова мегӯяд, ки дар соли 2011 низ “Брқи тоҷик” камтар аз меъёри пешбинишуда барқ харидорӣ кард ва чунин равиш наметавонад омили муваққатӣ бошад.
Сергей Кобцев-раиси нерӯгоҳи Сангтӯда-1 низ дар торнамои ин нерӯгоҳ роҷеъ ба ин масъала изҳори назар кардааст ва гуфтааст, ки “нақзи қарордоди харидории барқ аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” сабаб хоҳад шуд, ки ҷомеа зарари ҳангуфти молӣ бинад. Гузашта аз ин, коҳиши харидории барқ мӯҳлати ҷуброни масорифи сохтмони ниругоҳро тулонитар хоҳад кард”.
Баъд аз ба кор даромадани ҳамаи чаҳор чархаи ин нерӯгоҳ дар 31 июли соли 2009, ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия “Дар бораи истифодаи ниругоҳи Сангтӯда-1” қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд. Тавоноии неругоҳ 670 мегаватро ташкил медиҳад ва он бештар аз 15 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Барқ аз ин нерӯгоҳ вориди шабакаҳои барқи Тоҷикистон мешавад, вале ҳисоби худро дорад.
Сангтӯда-1 муассисаи муштараки Русияву Тоҷикистон ба шумор меравад ва 75 дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Русия аст. Ҳукумати Русия дар Душанбе ва Маскав намояндагиҳои худро дорад ва мудирияти ин нерӯгоҳ пурра дар ихтиёри ин намояндагиҳост.
Русия барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳро ба Тоҷикистон мефурӯшад. То ҳол ҷониби Тоҷикистон нагуфтааст, ки барои истифода аз шабакаи барқи Тоҷикистон ин нерӯгоҳ ҳақи интиқоли барқро пардохт мекунад ё хайр. Вале қавл додааст, ки дар ояндаи наздик 64,5 миллион доллар қарзи худ аз Сангтӯда-1-ро ба Русия пардохт хоҳад кард.