Атамбоев бо Блейк сарнавишти Манасро баҳс кард

Мулоқоти Атамбоев бо Блейк

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Атамбоев имрӯз дар Бишкек дар мулоқот бо муовини вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк бори дигар гуфт, баъди хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон то поёни соли 2014 дар фурудгоҳи Манас набояд ягон таҷҳизоти низомӣ боқӣ бимонад. НАТО феълан аз маркази транзитӣ дар Манас барои интиқоли маводи ғайриҷанӣ барои нирӯҳояш дар Афғонистон истифода мебарад. Блейк қабл аз сафараш ба Осиёи Марказӣ гуфт, ки Манас барои амалиётҳои Амрико дар Афғонистон нақши муҳим бозӣ мекунад. Қирғизистон дар шаҳри шимолии Кант ба пойгоҳи Русия низ макон додааст.