Ожонси ҳастаӣ мехоҳад ба таъсисоти Порчини Эрон роҳ ёбад

Намои Порчин аз ҳаво

Ҳайати Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ умед дорад, ки ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни музокироти Теҳрон ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар Порчин роҳ хоҳад ёфт.

Бахше аз ин боздид ба бозрасии барномаҳои ҳастаии Эрон иртибот хоҳад дошт. Ғарб шак дорад, ки Эрон бо густариши барномаҳои ҳастаиаш ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст хоҳад ёфт.

Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон ба матбуот гуфтааст, ки Теҳрон низ мехоҳад бо ожонси байналмиллалӣ “тавофуқи ҳамаҷониба” ба даст ояд.

Вале Меҳмонпараст гуфтааст, ки ҳайати ожонс ба таъсисоти ҳастаии Порчин роҳ нахоҳад ёфт.