Ҳушдори Обама ба вакилони Конгресси Амрико

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз вакилони конгресс хост, дар қабули қонуни нав барои тақвияти назорат бар аслиҳаи хусусӣ, “бо амри виҷдонашон" амал кунанд. Дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед, Барак Обама гуфт, тафтиши фарогири харидорони аслиҳаи хусусӣ, манъи фурӯши силоҳҳои таҳоҷумӣ, маҳдуд кардани фурӯши тир, қадамҳои “мантиқӣ” барои беҳбуд бахшидан ба амнияти мардум аст. Ӯ афзуд: "Барои ман инҷо муҳим сиёсат нест. Барои ман муҳим таммаркуз ба ончӣ аст, ки мантиқ ва самар дорад, ба корҳое, ки амнияти бачаҳои моро замонат медиҳанд ва ҳодисаҳои хушунат бо истифода аз силоҳро кам мекунанд.” Як моҳи пеш, дар шаҳри Ню Тауни Амрико як ҷавони саропо мусаллаҳ, 20 кӯдакро кушт ва дар ҷомеаи Амрико баҳс дар мавриди ҳаққи доштани силоҳи хусусиро барангехт. Ҳар гуна қонун дар бораи маҳдуд кардани ҳаққи силоҳи хусусӣ ба мухолифати шадиди Конгресс рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Барак Обама ҳамчунин аз вакилони амрикоӣ хост, сақфи қарзи хориҷии Амрикоро бечунучаро ва ҳарчӣ зудтар боло бурда, кишварашро аз хатари варшикастагӣ эмин доранд.