Марг дар шикор сари додситони Молдоваро "хӯрд"

Валериу Зубко

Додситони кулли Молдова Валериу Зубко то поёни тафтиши иртиботаш ба қазияи марги як тоҷир дар шикор аз мақоми худ муваққатан канор рафт. Зубко ин тасмимро рӯзи душанбе баъди мулоқот бо раиси парлумон Мариан Лупу эълон кард. Гумон меравад, ки Зубко дар он шикори рӯзи 23 декабр, ки мунҷар ба ҳалокати як соҳибкор шуд, ҳузур дошт. Аз Молдова рафтани ӯ баъди он қазия ба оташи интиқодҳо аз Зубко равған рехт ва ҳафтаи гузашта сарвазир Влад Филат низ аз ӯ хост, ба хотири рафъи гумонҳо дар бораи эҳтимоли таъсир расонданаш ба раванди таҳқиқ билофосила аз мақом биравад. Дафтари додситонӣ дар ҳафтаи гузашта қозии додгоҳи таҷдиди назар Георге Кретуро, ки дар қатори 30 марди дигар низ дар он шикор буд, гумонбари асосӣ дар он қатли нохост эълон кард.