Кумитаи андози Тоҷикистон корхонаи Роҳи оҳан, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати "Индиго" - ро беҳтарин андозсупорандагони соли 2012 унвон кардааст.
Ин ниҳод соли чаҳорум аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупорӣ, озмуни «Андозсупорандаи беҳтарин»-и солро мегузаронад.
Масъулини Кумита мегӯянд, барои интихоби боадолатона ва воқеъбинонаи беҳтарин андозсупорандаи сол, 9 меъёр муқаррар шудаанд. Аз ҷумла, кормандони андоз баҳогузорӣ кардаанд, ки андозсупоранда аз ҳаҷми умумии даромадаш, чӣ қадарро ба давлат месупорад. Ба иттилои ин ниҳод, «инчунин пешниҳоди саривақтии эъломияҳо ва сифати пур кардани онҳо, ҳисоби дурусту сари вақт пардохтани андозҳо, нисбат ба соли пешин зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳо, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва ғайраҳо ба назар гирифта шудааст.»
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи андоз дар маҷмӯъ фарҳанги андозсупориро дар Тоҷикистон хеле коста арзёбӣ мекунад. Мақомоти андоз бо такя ба натиҷаи санҷишҳои дар соли 2012 гузаронида шуда, изҳор медоранд, ки 98 – 99 дарсади андозсупорандагон дар Тоҷикистон ба қонунвайронкунӣ ва пинҳон кардани даромадашон даст мезананд.
Дар доираҳои соҳибкории Тоҷикистон сабаби зиёд рух додани гурез аз андозро ба гаронии он рабт медиҳанд. Бисёре аз соҳибкорон дар кишвар муътақиданд, ки бо пардохти пурраи андозҳо ва риояи тамоми расмиёт фаъол нигоҳ доштани корхона дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, чун 84 дарсади даромади корхона барои андоз сарф мешавад ва барои саромоягузорӣ дар рушди тиҷорат маблағе боқӣ намемонад.