Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, давлат аз афзоиши фасод нигарон аст


Намояндагони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, коррупсия дар мақомоти давлатӣ мавҷуд аст ва афзоиши он давлатро нигарон кардааст.

Ҳусейн Сайфиддинов, мушовири президенти Тоҷикистон дар сиёсати ҳуқуқӣ ва дабири Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар ҳошияи нишасти дуввуми машваратии сарварони ниҳодҳои зиддифасод ва Омбудсменҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки рӯзи 21 ноябр дар Душанбе ҷараён гирифт, гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҷустуҷӯи роҳҳои самарабахши мубориза бо фасод аст.

Вай афзуд: «Дар сатҳи давлатӣ таъкид мекунем, ки ҳамчунин мушкил дар Тоҷикистон воқеан ҷой дорад ва аз ин лиҳоз дар сатҳи давлатӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ кардани омилҳое, ки заминаи ба вуҷуд омадани кирдорҳои коррупсионӣ дар мақомоти мухталифи давлатӣ фароҳам меорад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Яке аз чораҳое ки мо алъон ҷуста карда истодаем, пеш аз ҳама кам кардани навъҳои андоз аст. Дар соли 2013 Кодекси таҳриршудаи андоз ба иҷро медарояд ва ин заминаи пешрафти иқтисодиро дар кишвар фароҳам меорад».

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар ҳошияи ҳамин нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, мизони фасод дар Тоҷикистон «дар ҳадди миёна» қарор дорад: «Тоҷикистон дар мубориза бо фасод дар миёни кишварҳои ҷаҳон, дар сафи боло қарор надошта бошад ҳам, вале дар сафи поин нест, вале дар ҷои намоён қарор дорад. Бисёр кишварҳои дигаре ҳастанд, ки нисбат ба Тоҷикистон фасодзадатар ҳастанд ва дар онҷо авҷ дорад. Ин ки Форбес дар бораи Тоҷикистон чунин хулоса кардааст, ин назари ҳамон созмон аст. Ман дар бисёр кишварҳои ҷаҳон будам ва бо таҷрибаи онҳо дар амри мубориза бо фасоду ришва шинос шудам ва медонам, ки Тоҷикистон дар сатҳи поин қарор надорад.»

Ҷаноби Салимзода дар робита ба як навиштаи маҷаллаи Форбес роҷеъ ба фазои молиявӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ду соли ахир Додситонии кулл 63 ҳодисаи пешниҳоди ришва ба кормандони системаи Додситониро ошкор кард ва парванда боз намуд. Ба қавли ҷаноби Салимзода, ин баёнгари он аст, ки мардум дигар барои «ҳал»-и ҷиноятҳои худ ба кормандони Додситонӣ ва ё ба Оҷонсии мубориза мубориза бо фасод ришва пешкаш намекунанд.»

Маҷаллаи Forbes (Форбес) дар гузориши нави худ таҳти унвони "Беҳтарин кишварҳо барои соҳибкорӣ" Тоҷикистонро дар миёни 141 давлати дунё аз нигоҳи фасод, дар зинаи 128-ум ҷой додааст.

Ба навиштаи таҳлилгарони Forbes, Тоҷикистон дар масъалаи ҳимояи сармоягузор, озодии тиҷорат ва коҳиши расмиёт каме пеш рафта, мувофиқан ҷойҳои 24, 55 ва 64-умро соҳиб гардидааст. Дар маҷмӯъ, Forbes бо назардошти 9 омил, Тоҷикистонро дар рӯйхати 141 давлати беҳтарин барои соҳибкорӣ, дар зинаи 111-ум ҷой додаст, ки миёни Нигерия ва Камбоҷа қарор дорад

Ҳусейн Сайфиддинов, мушовири президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки иллати чунин натиҷагирии сатҳи кардани «Форбес», натиҷаи ҳамкории камранг ва заъифи мақомоти давлатӣ бо васоити ахбори омма, бо мардум ва бо созмонҳои байналмиллалӣ мебошад.

Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо Коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасод таъсис дод ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки бо ришвату фасод дар тамоми қишрҳои ҷомеаи муборизаи сарсахтона мебарад.
Аммо ҳарчанд мақомоти расмии кишвар натиҷаи муборизаи худро муассир нишон медиҳанд, вале ба навиштаи созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон натавонистааст дар ин амр пешрафти чашмгир кунад.

Акбар Абдулло, раиси Маркази тарғиб ва ташакули маърифати зидди коррупсионӣ бар ин аст, ки сабаби аслии камранг будани фаъолияти мақомоти давлатӣ, адами иртиботи ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад: “Ниҳодҳои мубориза бо фасоди Тоҷикистон бояд наҳваи мубризаи худро дар ин самт дигар кунанд. Онҳо бояд бештар ба созмонҳои ғайридавлатӣ робитаи зич барқарор кунанд, зеро созмонҳои ғайридавлатӣ оид ба вуҷуди фасод дар қишрҳои мухталифи кишвар иттилои бештар доранд.»

Дар ҳамин ҳол Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ ҳамкории фаъоли ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандиро таъкид мекунад. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии фасод гуфт, ки бо иттиҳоми марбут ба фасоду ришва бештар намояндагони мақомоти давлатӣ, ба хусус ходимони ниҳодҳои қудратӣ боздошт мешаванд. Аммо дар ҷомеа ақидаи роиҷ аст, ки асосан мансабдорони сатҳи миёна, он ҳам интихобан ҳадафи муборизаи зидди фасод қарор гирифта, афроди баландпояи давлат ва ашхоси наздик ба онҳо аз ин хатар эминанд.
XS
SM
MD
LG