Ҳизби хокими халқӣ-демократии Тоҷикистон «Маркази таблиғот ва таҳлил»-и худро таъсис додааст. Адҳам Мирсаидов, раиси Маркази таҳлил ва таблиғоти Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон рӯзи 14-уми январ ба «Озодӣ» гуфт, ки ин марказ ба хотири таблиғу ошно сохтани барномаҳои сиёсии ҲХДТ ба ҷомеаи кишвар ва берун аз он мебошад. Ин марказ аллакай фаъолияти худро оғоз кардааст ва ба қавли Адҳам Мирсаидов, ба ин марказ мутахасисони соҳаи сиёсат, матбуот ва иқтисод ҷалб карда шудаанд ва барномаҳои таҳлили ин марказ ҳамзамон дар сомонаи «www.tribun.tj» интишор хоҳанд ёфт. Дар миёни аҳзоби сиёсии расмии кишвар то кунун танҳо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дорои маркази таҳлили мавсум ба «Диалог» мебошад.