Рӯзи якшанбе дар як раҳпаймоии расман иҷозат дода шуда дар шаҳри Маскав даҳҳо ҳазор нафар бар зидди қонуни манъи фарзандхонии ятимони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрико эътироз намуданд.
Полис мегӯяд, дар ин маърака нуҳуним ҳазор нафар ҳузур доштанд. Вале мухолифин иброз доштаанд, ки сарфи назар аз ҳавои сард дар раҳпаймоӣ камаш 30 ҳазор кас ширкат варзидааст.
Эътирозгарон шиорҳои пароканда намудани Думаи давлатиро боло бардошта буданд.Раҳпаймоӣ бидуни паём ба анҷом расид.
Барои таъмини амният тахминан 4 ҳазор афсари полис ва чархболҳо сафарбар шуда буданд. Ба қавли полис нуҳ нафар боздошт шудааст. Раҳпаймоиҳои хурдтаре дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Казан, Киров ва дигар шаҳрҳои Русия доир шудааст.
Охири соли равон вакилони Думаи давлатӣ дар ҷавоб ба қабули қонуни Магнитский дар ИМА, ки мансабдорони руси фосидро таҳрим мекунад, қонуни манъи фарзандхонии ятимон аз тарафи амрикоиҳоро қабул кардаанд.