Ҷавони тоҷик ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳояш тир хӯрд

Полиси Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо истифода аз силоҳи оташфишон маҷрӯҳ намуда, 4 тоҷики дигарро боздошт намудааст.
Хабаргузории Интерфакс бо такя ба иттилоъ аз сарраёсати полиси вилояти Маскав гузориш медиҳад, ки ҳангоми боздошти ронандаи як мошин сабукрав афсарони полис аз силоҳи оташфишон истифода бурда, як нафарро бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол додаанд.
Ба навиштаи ҳамин хабаргузорӣ субҳи барвақти 12-уми январ дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав мошини ВАЗ 21093 мошини полисро дида, кӯшиш кард аз он фирор намояд. Вале афсарони полис онро дарёб намуда, пеши роҳашро гирифтанд.
Ба қавли сарраёсати полиси вилояти Маскав дар дохили мошини сабукрав панҷ шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ки дар солҳои аз 1989 то соли 1994 ба дунё омадаанд. Афсарони полис иддао доранд, ки ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо яке аз боздоштшудагон бо корд ба онҳо муқовимат намуд ва афсарон ибтидо ба ҳаво тир холӣ намуда, сипас ӯро ҳадаф қарор додаанд. Ҳоло ин фарди маҷрӯҳ дар шифохона ва 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар боздошт мебошанд. Полис таҳқиқи зарурати истифодаи силоҳ аз ҷониби афсари полисро оғоз намудааст.