Дар бомбгузориҳои Покистон 100 нафар ҷон доданд

Бино ба гузоришҳо аз Покистон, дирӯз дар бобмгузориҳо дар шаҳри Кветта ва Дараи Свот бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Шоми панҷшанбе дар инфиҷори ду бомб дар назди як клуби биллиардбозӣ дар Кветта, маркази вилояти Балуҷистон дасти кам 70 нафар кушта ва бештар аз 100 тани дигарро захмӣ шуданд. Пештар аз ин дар як маҳалли серодами ин шаҳр таркиши бобме дасти кам 11 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ бар ҷой гузошт. Артиши Муттаҳиди Балуҷҳо, як гурӯҳи миллатгаро дар Балуҷистон масъулияти ин бомбгузориҳоро бар ӯҳда гирифт. Айни замон дар Дараи Свот бар асари таркиш дар як маросими мазҳабӣ дар наздкии шаҳри Мингора 21 нафар ҳалок шудаанд ва 80 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.