Ширкати Maplecroft сармоягузорӣ дар соҳаи истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминии Тоҷикистонро "хавфнок" хондааст.
Ширкати бритониёии Maplecroft дар гузориши нави худ Тоҷикистонро дар радифи 20 кишвари дунё ҷо додааст, ки сармоягузорӣ дар бахши истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминии онҳо "хавфнок" дониста мешавад. Дар ин қатор Тоҷикистонро Ҷумҳурии Демократии Конго, Либия, Мянмар, Туркманистон, Венесуэла ва Боливия ҳамроҳӣ мекунанд. Ба гузориши нави Maplecroft, хавфи аз дасти сармоягузор кашида гирифтани кону маодин ва ё миллӣ кардани онҳо дар Тоҷикистон бузург аст, ки ба нафъи сармоягузорон набудааст.
Аммо мақомоти Тоҷикистон чунин баҳогузории ширкати Бритониёиро аз воқеият дур хонда, мегӯянд, дар бахши сармоягузорӣ дар сарватҳои табии ин кишвар ягон хавфе вуҷуд надорад ва баръакс, ширкатҳои бонуфузи дунё мисли Тетис Петролиум, ширкати фаронсавии Тотал ва ширкати чинии CNTC ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ҳамкорӣ мекунанд.
Шӯҳратҷон Раҳматбоев, як масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати кишвар барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорон шароити мусоид ва як қатор имтиёзҳоро фароҳам овардааст: «Танҳо ҳамин сол як барномаи мукаммал оид ба беҳтар намудани сармоягузорӣ дар соҳаи истифодабарии қаъри замин қабул гардид. Ҳоло як гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонуни нав дар бораи истифодабарии сарватҳои қаъри замин кор бурда истодаанд. Қонуни нав дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурӣ қабул шуда барои баррасӣ ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст ва ин қонун ҳам имкон медиҳад, ки хавфу моҷароҳои ба миён омада ҳаллу фасли худро ёбад.»
Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи сармоягузорӣ, имрӯз ба коркарду истихроҷи сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон, бахусус ба коркарди тилло, нуқра нафту газ, сурма сангҳои қимматбаҳо, ширкатҳое аз Чин, Фаронса,Эрон ва Амрико таваҷҷӯҳ кардаанд. Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик ягона мушкиле, ки имрӯз дар самти ҷалби сармоягузорон мавҷуд аст, ин дурии минтақа аз бозорҳои азим ва мушкили дарёфти муҷҷавиз барои шурӯи кор дар Тоҷикистон аст.
Азим Иброҳим, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон, мегӯянд, ин раванд ба фарқ аз дигар кишварҳо дар Тоҷикистон вақти бештарро мегирад: «Масалан, барои истихроҷи металҳои қимматбаҳо 17 иҷозатнома, металҳои ранга 13 иҷозатнома, барои омӯзиши тиллову нуқра 10 иҷозатнома лозим аст. Дастрас кардани иҷозатнома мӯҳлати зиёдро мегирад. Дар дигар кишварҳо ин раванд дар як муддати кӯтоҳ сурат мегирад. Ҳоло мо пешниҳодҳо дорем, ки ин ҳама дар муддати 1 моҳ анҷом шавад ва агар ин амалӣ шавад барои сармоягузорон боз як имконияти хубе фароҳам хоҳад омад.»
Аммо Давлат Усмон, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, эҳтимолан 3 омил боис шудаанд, ки Тоҷикистон дар самти коркарду истихроҷи сарватҳои табии хавфнок унвон шудааст: «Дар чанд соли охир мо шоҳиди он шудем, ки иҷозатномаи чанд ширкати хориҷӣ барои кор дар ин самт бо ҳар баҳона бекор карда шуданд. Ҳамин 2-3 рӯзи ахир боз чанд иҷозатнома бекор карда шуд. Сабаби дигар ҳам албатта ин аст, ки то имрӯз дар ин соҳа ягон ширкати намоёни хориҷӣ фаъолият ва таваҷҷӯҳ накардааст. Омили саввум шаффоф набудани раванди дарёфти иҷозатнома ва ба мушкилот рӯ ба рӯ шудани баъзе ширкатҳои сармоягузоре, ки дар ин самт фаъолият доранд.»
Имрӯз дар Тоҷикистон 600 кони кашфшуда вуҷуд дорад, ки қисми зиёди он ниёз ба сармоягузорӣ ва коркарду омӯзиш доранд. Ҳамчунин 800 нуқтаи дигаре ҳоло мавриди пажӯҳиши геологон қарор доштааст. Бино бар иттилои Саридораи геологияи Тоҷикистон имрӯз 378 ширкати хориҷӣ дар бахши истихроҷ ва омӯзиши захоири табии кишвар иҷозатнома доранд.
Бо вуҷуди ин омор, натиҷагирии ширкати бритониёии Maplecroft, ки дар олами бизнеси ғарбӣ нуфузи зиёд дорад, симои Тоҷикистонро дар чашми сармоягузорони хориҷӣ тиратар ҷилва хоҳад дод.