Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон сар аз якуми майи соли ҷорӣ содироти ангишт ба хориҷа манъ шудааст. Дар ин бора торнамо (сайт)-и раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод.
Аз ин пеш, дар рӯзи чаҳоруми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, қонун дар бораи ангиштро тасвиб намуд. Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноат, зимни муаррифии ин тарҳ дар ҷаласаи порлумон гуфта буд, ки Тоҷикистон ба сурати кофӣ, барои таъмини ниёзҳои худ ва барои содирот, ангишт дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии манобеи ангишти Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Бино ба иттилори вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 16 кони ангишти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Соли гузашта Тоҷикистон 236 ҳазор тонна ангишт тавлид кардааст.
Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули қонун дар бораи ангиштро "талаботи рӯзафзун ба манобеи энержӣ" унвон намуда буд. Ин ҳама тасмим дар ҳоле гирифта мешаванд, ки қатъи интиқоли гази Узбакистон дар моҳи гузашта даҳҳо корхонаҳои саноатии ин кишварро ба мушкил рӯбарӯ кард.
Агарчӣ Тошканд дубора роҳи гази худро ба Тоҷикистон боз намуд, аммо соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Узбакистон метавонад ҳар лаҳза онро баста ва корхонаҳои бузурги Тоҷикистонро ба ду зону шинонад. Ин аст, ба гуфтаи онҳо, корхонаҳои азиме мисли Талко ва заводи семент маҷбуранд барои идомаи тавлидоти худ, аз ангиштсанг газ истеҳсол кунанд. Барои бароварда кардани ниёзи якмоҳаи корхонаи Талко ё корхонаи алюминиюм моҳона ба сӯхтани ҳадди ақал 8 ҳазор тонна ангишт зарурат аст.
Мутахассисон мегӯянд, аксари конҳои ангишти Тоҷикистон манобеи боз ҳастанд ва коркарди он мушкиле надорад, аммо роҳҳое, ки ба маҳалли ин конҳо мебарад, умдатан харобу валангор ва таъмирталаб мебошанд.
Дар ҷаласаи рӯзи 27-уми апрели ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин барномаи чорабиниҳо оид ба омодасозии саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва босамар дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2012-2013 тасдиқ карда шудааст.