Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд як шабакаи калони байниминтақавии интиқоли маводи мухаддирро аз Бадахшон ба вилояти Суғдро ошкор кардааст.
Нозирҷон Буриев, сухангӯи Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки кормандони амнияти миллӣ дар вилояти Суғд зимин анҷоми як амалиёт дар маҳаллаи 18 уми шаҳри Хуҷанд аз дохили як гаражи мошин 29 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш кашф ва мусодира карданд.
Ба қавли Нозирҷон Буриев гараж ба истиқоматкунандаи ҳамин маҳалла, Маҳмадёр Нурмаҳмадов, зодаи вилояти Бадахшон, тааллуқ доштааст. Буриев бо такя ба иттилои аввалия изҳор медорад, ки гуруҳи қочоқбарон аз Бадахшон маводи мухаддирро ба Хуҷанд ва аз ин ҷо ба манотиқи дигар, аз ҷумла берун аз кишвар интиқол медодаанд.
Буриев илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир амалиёт барои боздошти омилони дигари ин шабака идома дорад ва кормандони амният қасд доранд иртиботу муносибати ин гуруҳро бо гуруҳҳои дигари қочоқбар ошкор созанд.
Ба гуфтаи Нозирҷон Буриев, шуруъ аз 25-уми декабри соли гузашта то 4-уми январи соли равон кормандони амниятии кишвар аз гуруҳҳои қочоқбар ҳудуди 150 кило маводи мухаддири навъҳои гуногунро кашфу мусодира кардаанд.